Садамаҳои нақлиётӣ дар шимоли Тоҷикистон ҷони 112 нафарро гирифтаанд
Дар пайи садамаҳои нақлиётӣ давоми 11 моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 100 нафар ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, тайи 11 моҳи ахир дар роҳҳои мошингарди шаҳру навоҳии шимоли кишвар 326 садамаи нақлиётӣ ба қайд расида, бар асари он 112 нафар фавтида, 344 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Манбаъ мегӯяд, ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда камтар аст: “Дар соли 2013, 337 садама сабт гашта, дар натиҷаи он 133 нафар ҳалок ва 344 тани дигар ҷароҳат бардошта буданд”.
Сарчашмаи хабар меафзояд, 76 садама бо иштироки кӯдакон ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 23 ноболиғ ҳалок ва 62 нафар маҷруҳ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |