Назарбоев: Ислом дини сулҳ аст ва набояд онро бо терроризм ҳамроҳ кард

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон Исломро дини сулҳ ва дур аз терроризм хонда, хостори баланд бардоштани огаҳии мардум шудааст.
Назарбоев дар як вохӯрӣ бо намояндаҳои бахшҳои мухталифи Қазоқистон гуфтааст, Ислом дини сулҳ аст ва набояд онро бо терроризм ҳамроҳ кард: “Ман аз ин мавзӯъ, ки терроризм бо Ислом рабт дода мешавад, ҳимоят намекунам ва бояд дар ин хусус сатҳи огаҳии мардум боло бурда шавад.”
Раисҷумҳури Қазоқистон дар идома ба оятҳои Қуръони карим ишора карда, афзудааст, “дар Қуръон ба ин нукта ишора мешавад, ки агар шумо як нафарро бидуни далелу бегуноҳ ба қатл мерасонед, ин амали шумо баробар ба куштани тамоми башарият аст”. Ба гуфтаи ӯ, барои мубориза бо терроризм бояд ба мисли як душман дар баробари башарият иқдом кард ва бояд ҷавонон берун аз тафаккури ифротӣ ба дунболи Исломи нобу воқеии дур аз хушунат бошанд: “Аз ин рӯ, ба терроризм бояд ба мисли як душман барои тамоми мусулмонҳо нигоҳ кард”.
Назарбоев далели аслии пайвастани ҷавонон аз гӯшаву канори олам, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ба сафи ҷангҷӯёни ДИИШ-ро дарёфти манобеи молӣ арзёбӣ карда, гуфтааст, Ислом рабте бо терроризм надошту надорад ва мо низ ҳамвора аз Исломи дур аз хушунат ҳимоят ва пуштибонӣ мекунем.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |