Посухи Вазорати адлия ба ҲНИТ дар бораи ҷаласаҳои моҳона
Вазорати адлияи Тоҷикистон ба дархости Ҳизби наҳзати исломӣ, ягона ҳизби умдаи мухолифи кишвар дар робита ба баргузории ҷаласаҳои моҳонаи бахшҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ин ҳизб, ҷавоби рад додааст.
Ин ниҳод гуфтааст, муайян кардани роҳҳали мушкилоти рӯбарӯшудаи ҲНИТ дар пайи бедафтар мондани баъзе аз бахшҳояш дар шаҳру навоҳӣ ба салоҳияти Вазорати адлия дохил намешавад. “Ба ваколати Вазорати адлия ибрози андеша намудан ҷиҳати масъалаҳое, ки дар мактуби Шумо дарҷ гардидаанд, мансуб намебошад”,- омадааст дар номаи Вазорати адлияи кишвар бо имзои Мирсаидзод Ҳ. С., муовини вазири адлия.
Ин посухи Вазорати адлия дар ҳолест, ки қаблан масъулини ҲНИТ бо навиштани номае аз бе дафтари корӣ мондани баъзе аз бахшҳои ин ҳизб дар шаҳру навоҳӣ ва монеагузориҳои мақомот ҳангоми баргузории ҷаласаҳои моҳона дар манозили зисти иқоматӣ ёдовар шуда, аз ин ниҳод хоста буданд, ба ин қазия равшанӣ андохта, роҳҳалеро пешниҳод кунад.
Ба гуфтаи масъулини ҲНИТ, мувофиқи Оинномаи ҳизб, бояд ҳар моҳ ҷаласаи бахшҳои ноҳиявӣ ва ташкилоти ибтодии он баргузор шавад: “Азбаски мушкил дар дафтари корӣ аст, масъулин ва аъзои ҳизб чунин ҷаласаҳоро дар манзилҳои шахсии хеш доир менамоянд, ки дучори мушкил ва монеагузориҳо аз тарафи намояндагони мақомоти гуногуни маҳҳалӣ қарор мегиранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |