Ҳалокати Бозоров дар “спецприемник”: худкушӣ ё куштор?
Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” аз марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар қабулгоҳи вижа (спецприемник) хабар медиҳад. Ба қавли ӯ, ҳоло беш аз 20 тоҷики дигар дар ин қабулгоҳ, ки шароити тоқатфарсо дорад, нигоҳдорӣ мешаванд.
Оқои Шарипов мегӯяд, Аброр Бозорови 21-сола дар қабулгоҳи махсус, ки дар кӯчаи Школнаяи ноҳияи Дзержинский (вилояти Калуж) ҷойгир аст, ба ҳалокат расида ва танҳо баъди чор рӯз аз марги ӯ бародарашро, ки ҳамчунон дар онҷо нигаҳдорӣ мешавад, хабардор кардаанд. Раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” гуфт, ӯ рӯзи гузашта (22 декабр) бо иҷрокунандаи вазифаи сардори ин қабулгоҳ - Евгений Николаевич суҳбати телефонӣ дошт ва маълум шуд, шаҳрванди Тоҷикистон 18 декабр дар “шӯъбаи карантинӣ”-и қабулгоҳ, ки боздоштшудаҳо барои муайян кардани шахсият то се рӯз нигаҳдорӣ мешаванд, ба ҳалокат расидааст. Сардори қабулгоҳ гуфтааст, Бозоров худкушӣ кардааст, аммо тоҷиконе, ки онҷо нигаҳдорӣ мешаванд, гуфтаанд, ӯ дар пайи латту кӯби шадид ва шиканҷа ба ҳалокат расидааст: “Вақте боздоштшудаҳо дари шӯъбаи карантиниро шикастаанд, Бозоров аллакай фавтида будааст. Дар ӯ ҳеч нишонае, ки худро овехта бошад, дида нашудааст”.
Бародари Бозоров, ки ҳамчунин дар қабулгоҳи вижа нигаҳдорӣ мешавад, танҳо баъди чор рӯз, 22 декабр аз ҳалокати ӯ огаҳ шудааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон дархости гузарондани ташхиси судиро кардаанд ва гуфта мешавад, ҳоло таҳқиқи ин қазия ҷараён дорад. Ба қавли Каромат Шарипов, Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” раванди тафтишро зери назорати махсус гирифта, аз ҷараёни он ҳамватанонро огаҳ мекунад.
Каромат Шарипов мегӯяд, бо такя ба иттилои боздоштшудаҳо дар ин қабулгоҳ беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд: “Онҳо дар шароити ғайриинсонӣ ва ғайрисанитарӣ қарор доранд. Боздоштшудаҳоро дар як ҳафта як бор ва он ҳам барои 5 дақиқа ба берун мебароранд”.
Ӯ исми чанд шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар қабулгоҳи вижаи ноҳияи Дзержинский нигаҳдорӣ мешаванд, овардааст:
1. Қулбозоров Баҳодур Ҳасанович
2. Рӯзиев Фарҳод Шарофиддинович
3. Маҷидов Искандар
4. Набиев Ҷомӣ Абдуллоевич
5. Искандаров Анварҷон Абдулхолиқович
6. Муминов Даврон Исмоилхонович
7. Саидов Аслан Шарифбекович
8. Нарзуллоев Убайдулло Амонқулоевич
9. Ҳисайнов Некрӯз
10. Кенҷаев Абдулло
11. Иброҳимов Изатулло Ҷӯмаевич
12. Ҳасанов Фирӯз Наврӯзович
13. Собиров Соли Самиевич
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |