Масоили марбут ба андозбандии намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба «Озодагон» аз кумитаи андоз хабар доданд, дар ин машварат масъулини вазорати умури хориҷа, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ширкат доштанд. Зимнан қайд гардид, ки татбиқ намудани имтиёзоти андозӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда, тартиби андозбандии резидентҳои Тоҷикистон ва ба андозбандӣ ҷалб намудани шахсони воқеӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки молу мулки ғайриманқули худро ба намояндагиҳои дипломатӣ иҷора медиҳанд, тартиби баҳисобгирии бақайдгирии намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар мавзӯъҳои ба ин алоқаманд аз масоили аслии муҳокмашаванда мебошанд. Ба ҷуз ин, яке аз масъалаҳои ҳалталаб ин риояи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Тоҷикистон оид ба аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо мебошад, ки дар доираи маблағҳои грантӣ амалӣ карда мешаванд.
Гуфтанист, дар асоси моддаи 238-и Кодекси андози Тоҷикистон баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, ба шарте амалӣ мегардад, ки агар чунин баргардониданро дар асоси дутарафа (мутақобили) шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ намоянд ва Тоҷикистон низ иштирокчии онҳо бошанд. Иштирокдорон низ дар навбати худ ба мутахассисини соҳа оид ба дигар паҳлӯҳои андозбандӣ ва истифодаи дурусти имтиёзоти андозӣ муроҷиат намуда, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр