Барканории Атоев ва вазифагирии Исмоилов баъди огоҳии Убайдуллоев
Саид Атоев, раиси Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе зимни ҷаласаи ахири шаҳрдории Душанбе аз мақомаш барканор шудааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз Шабакаҳои барқи Душанбе хабар дода, афзуданд, ки дар ин симмат Атоевро Мирзо Исмоилов иваз намудааст. Ба иттилои манбаъ Мирзо Исмоилов то ҳол раҳбари шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлобро ба уҳда доштааст: “Раиси нав корро аз рӯзи шанбеи 20-уми декабр оғоз кард.”
Аз вазифа озод намудани Саид Атоев дар ҳолест, ки сокинони Душанбе бо омадани фасли сармо аз хомӯш гардидани нерӯи барқ дар бархе аз кӯчаҳои пойтахт шикоят доштанд. Қаблан Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе низ раҳбарияти Шабакаҳои барқи пойтахтро барои бемасъулиятӣ ва бетваҷҷуҳияшон огоҳӣ дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |