Дар ҳамин ҳол, вакили дифоъи Урумов гуфтааст, намедонад, ки бо кадом сабаб Урумов чунин пешниҳодро дар ихтиёри додситонӣ гузоштааст. Гуфта мешавад, ки додситони кулл эҳтимол ин тақозои собиқ додситонро ба хотири коста нашудани нуфузи бе ин ҳам дар ин росто костааш рад намояд.
Ёдовар мешавем, ки кумитаи тафтишоти Русия бо ифтитоҳи парвандаи пурсарусадои тиҷорати қиморӣ ва ё казиноӣ прокурори вилояти Маскав Александр Моховро аз вазифа барканор карда, нисбати муовини аввалин ӯ Александр Игнатенко ва як қатор прокуророни шаҳру навоҳии вилояти Маскав барои ҳимоят ва ё «кришагӣ »-и сарвари силсилаказиноҳои Маскав Александр Назаров ва гирифтани пора парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Аз рӯи ин парванда Александр Игнатенко ва додситони ноҳияи Одинтсово Роман Нишеменко фирор карда, нисбаташон пайгарди қонунӣ эълон шудааст.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |