Бахшҳо

Номзадҳои ҲДТ ба интихобот. Аз Исмонов то Комилзода

Ҳизби демократи Тоҷикистон бо раҳбарии Саидҷаъфар Исмонов, раиси ба расмиятшинохташудаи ин ҳизб дар анҷумани ғайринавбатиаш чаҳор нафарро ба интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад кард.

Дар сархати феҳраст Саидҷаъфар Исмонов қарор дорад. Маҳмудҷон Холов, муовини раҳбари ҳизб дар ҷои дувум, Таваралӣ Зиёзода, муовини аввали раиси ҳизб дар ҷои севум ва Аҳмадшоҳи Комилзода, узви Шӯрои сиёсии ҳизб дар ҷойи чаҳоруманд.

Анҷумани Ҳизби демократ бо ширкати 72 вакил баргузор шуда, дар ҷараёни он барномаи пеш аз интихоботии ҳизб низ ба тасвиб расид.

Оқои Исмонов, аснои суханрониаш таъкид кард, Ҳизби демократ дар интихоботи парлумонӣ фаъолона ширкат хоҳад кард. Ӯ ҳангоми ироаи ҳисоботи пешазинтихоботӣ ба “барқфурӯшии масъулин” дахолат карда гуфт, фурӯши барқ ба Афғонистон дар роҳи барқарории равобити дипломатӣ судманд аст. Ҳамчунин вай аз шароити феълии Тоҷикистон васф карда, гуфт, Тоҷикистон дар давраи гузариш қарор дораду шикояти мардум ҳам аз ҳамин нукта маншаъ мегирад.

Саидҷаъфар Исмонов, раиси ин ҳизб дар тирамоҳи соли 2013 бо баргузории анҷумани ғайринавбатӣ раёсати ин ҳизбро ба душ гирифт. Масъуд Собиров, раиси собиқи он баргузории ин анҷуманро ғайриқонунӣ хонд. Дар ҳамон сол Саидҷаъфар Исмонов ба мақоми президентӣ номзад шуд ва ҳамагӣ як фисад раъй гирифт.
Мӯҳр
чинди
ххдт дигар ба ту ва ту баринхо ниёз надорад!!! дар интихоботи соли 2013 ниёзашро бароварди!!! То соли 2020 дигар ту бе рисолат хасти

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)