Панҷ дақиқа мушакпарронӣ ба истиқболи Соли нави мелодӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор масъулинро барои истиқболи Соли нави мелодии 2015 муваззаф кардааст.
Тибқи ин қарор чорабинии аслии солинавӣ дар майдони “Дӯстӣ” баргузор шуда, Убайдулло Раҷабов, раҳбари кулли Муассисаи давлатии фарҳангу фароғатии “Пойтахт-80”раҳбари бадеии он таъин шудааст. Гуфта мешавад, дар ин “консерти идона устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик” ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Тавре Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе иттилоъ медиҳад, муовининони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои марбутаи шаҳрӣ муваззаф шудаанд, то 30 декабр ороиши майдонҳо, боғу гулгашт ва кӯчаву хиёбонҳоро ба анҷом расонида, дар рўзҳои омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ фаъолияти муътадили соҳаҳо ва корхонаҳои системаи муҳандисии ҳаётан муҳимро таъмин намоянд. “Дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидорӣ дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе аз 21 то 31 декабри соли 2014 ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардум баргузор мешавад. Ба ниёзмандону собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрони танҳову барҷомонда, табақаҳои камбизоати аҳолӣ, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, хона - интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон, хонандагон аз оилаҳои камбизоат кӯмаки моддию маънавӣ раоснда мешавад”,-афзуд ӯ.
Инчунин тибқи ин қарор роҳбарони идораҳо, корхонаву муассиса ва ташкилотҳои дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе воқеъбуда, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ муваззаф шудаанд, ороиши идонаи иморату иншоотҳои зертавозунро то 30 декабри соли 2014 ба анҷом расонанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо, арчаи солинавӣ дар майдони “Дӯстӣ” бояд то 30 декабр омода шуда, то 31 декабр дар ин майдон қолин, пояндозҳои қолинӣ гузошта шавад. Дар шаби Соли нав қарор аст, панҷ дақиқа мушакпарронӣ (фейерверк) анҷом шавад
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |