Михаэл Лаубш: Интернет барои қишри ғайришаҳрӣ “экзотика” аст
Як коршиноси олмонӣ гуфтааст, интихоботи парлумонии Узбакистон барои расонаҳои ғарбӣ ҳеҷ нақше надорад.
Михаэл Лаубш, ки бештар масоили Осиёи Марказиро пажуҳиш мекунад дар суҳбат ба “Дойче веле” гуфтааст, “дар доираҳои сиёсӣ танҳо САҲА ва Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари ин созмон (БДИПЧ) ба интихобот дар Узбакистон таваҷҷуҳ мекунанд. Онҳо аз омодагии худ барои кишварҳои узв иттилоъ медиҳанд”.
Ба гуфтаи ин коршинос моҳи ноябри соли равон намояндаи БДИПЧ - Рейчел Бендинг тасмим гирифта буд, теъдоди маҳдуде аз намояндагони ин дафтарро ба Узбакистон бифиристад, чун ба қавли ӯ дар ин кишвар миёни номзадҳо рақобат дида намешавад: “Аз ин ҳарфҳои ӯ метавон хулоса кард, ки интихоботи қарибулвуқӯи Узбакистон кори буҳуда аст”.
Ба идаои Михаэл Лаубш аксарияти аҳолӣ худи номзадҳо ва ҳизбҳояшонро намедонанд: “Дар Узбакистон дастрасӣ ба интернет ва сомонаҳои ғарбӣ мушкил шудааст ва дар маҷмӯъ интернет барои қишри калони ғайришаҳрӣ “экзотика” аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |