Раисони зиндонии "7 бурҷ": Барои озодӣ 248000 $ медиҳем!

Олим Маъруфов ва Ориф Расулов, ду масъули ширкати “7 бурҷ”, ки ахиран бо қарори додгоҳ барои 8,5 солӣ равонаи зиндон шудаанд, ваъда додаанд, ки дар сурати раҳоӣ 248 ҳазор доллари муштариёни ширкатро бармегардонанд.
Дар ин бора ба “Озодагон” як гуруҳ муштариёни ҷабрдидаи ширкат хабар дода, афзуданд, ки феълан барои раҳоии Олим Маъруфов ва Ориф Расулов ба додгоҳи Душанбе муроҷиат кардаанд.
Ибодат Ҳакимова, яке аз муштариёни “7 бурҷ” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, чанд рӯз қабл дар маҳбас бо Маъруфов ва Расулов мулоқот дошт: “Онҳо гуфтанд, ки дар сурати озод шуданашон ҳар дуяшон 124 ҳазор долларӣ медиҳанд. Дар маҷмуъ “7 бурҷ” аз мушатариёнаш 618 ҳазор доллар қарздор аст ва аз рӯи ин қарздорӣ нисбати 5 нафар парванда боз гардида буд. Аммо аз ин 5 нафар 3 нафари дигар то ҳол дар ҷустуҷӯи мақомот қарор доранду ду нафар-Маъруфов ва Расулов зиндонӣ шудаанд. Ин ду нафар гуфтанд, ки агар моро аз маҳбас озод кунанд, 124 ҳазор долларӣ медиҳем, боқимондаи пулро он 3 нафари дигар бояд диҳанд”.
Ибодат Ҳакимова гуфт, пешниҳоди ин ду маҳкумшуда барояшон қобили қабул аст ва бино бар ин ба додгоҳи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки ин афрод озод шаванду қисме аз маблағи муштариёнро баргардонанд.
Дилбар Алимова, як муштарии дигари ширкати “7 бурҷ” мегӯяд, онҳо аз аввал мехостанд, ки Сайҳомид Маҳмудов, раҳбари асосии ин ширкат ба додгоҳ кашида шавад, на зердастони ӯ: “Бояд он кас дар додгоҳ ҷавоб медод ва пулҳои моро бармегардонид.” Аммо худи Маҳмудов дар додгоҳ масъулияташро дар “7 бурҷ” рад карда, изҳор дошт, дар ҳеч санади ин ширкат имзое нагузоштааст.
Дар ҳамин ҳол Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе санаи 16-уми октябри соли равон ду масъули ширкати "7 бурҷ"- Олим Маъруфов ва Ориф Расуловро 8,5-солӣ маҳкум намуд ва ба гуфтаи муштариёни ширкат ахиран ин муҳлатро се соли дигар кам намуд.
Ҳаҷми зарари 156 мизиоҷи “7 бурҷ”, ки ба мақомот муроҷиат кардаанд, 618 ҳазор доллар ҳисоб шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини “Ҳафт бурҷ” теъдоди мизоҷонашонро наздики 5 ҳазор нафар арзёбӣ карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |