Президент сабаби дар Данғара сохтани калонтарин коргоҳро шарҳ дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 19 декабр, дар ноҳияи Данғара сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказиро оғоз бахшид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон коргоҳи бунёдшаванда яке аз бузургтаринҳо дар Осиёи Марказӣ буда, дар марҳилаи аввал беш аз 52 000 тонна нахи пахтаро коркард мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сохтмони коргоҳ изҳор доштааст, ки ин маҷмаа бо харҷи қариб 1,5 миллиард сомонӣ дар зарфи 2 соли оянда сохта ва пурра ба кор дароварда мешавад.
Раисиҷумҳур қайд намудааст, ки сабаби асосии дар ноҳияи Данғара бунёд ёфтани ин маҷмаа иқлими мусоиди ин минтақа барои истеҳсоли навъҳои пахтаи дорои нахи дароз ва захираи аз ҳама зиёди заминҳои азхудшавандаи ҷумҳурӣ дар ин ноҳия мебошад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар доираи татбиқи лоиҳаи ин сохтмон, дар зиёда аз 15 ҳазор гектар замини боир, камоб ва нав обёришавандаи 5 ноҳияи вилояти Хатлон кишти пахта ба роҳ монда шуда, боз қариб 15 ҳазор каси дигар бо кор таъмин мегарданд.
Тибқи лоиҳаи сохтмони ин коргоҳ, дар 4 марҳила 4 корхонаи нав - ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ бунёд ёфта, дар маҷмӯъ 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин маҷмааи муштараки Тоҷикистону Чин буда, технологияи он аз ширкатҳои машҳури ҷаҳон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия, Швейсария, Олмон ва аз худи Чин бунёд меёбад: “Дар навбати аввал ё худ дар корхонаи ресандагии маҷмаа, ки то моҳи октябри соли 2015 ба кор омода хоҳад шуд, 600 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба кор ҷалб карда мешаванд. Дар корхонаи бофандагии он ҳангоми бо иқтидори пурра ба кор даромаданаш солона то 150 миллион метри мураббаъ матоъҳои хушсифати пахтагӣ истеҳсол карда хоҳад шуд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар маросими оғози сохтмони ин маҷмаа Фан Сянжун, сафири Чин дар Тоҷикистон, Хан Йонг, муовини роҳбари ноҳияи мухтори Шинҷони Чин ва намояндани ширкати Ҷун Тайи ин кишвар ва дигар меҳмонони хориҷӣ сухан ронда, кулли мардуми Тоҷикистонро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрику таҳният гуфтанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |