Ином Абдуллоев, писари Бурҳон Абдуллоев, ки субҳи имрӯз аз назди Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бедарак шудааст, мегӯяд, мақомоти пулис талоши боздошти ӯро доранд.
Писари Абдуллоев имрӯз, рӯзи 19 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳоло пушти дарвозаи онҳо чанд тан аз маъмурини пулис ҳузур доранд ва ба эҳтимоли зиёд ҳангоми берун рафтанаш боздошт хоҳад шуд.
Ином Абдуллоев мегӯяд, субҳи имрӯз баъди бедарак шудани падараш дар Душанбе оқои Муллоев, сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шаҳритус бо ӯ тамос гирифта, гуфтааст, фавран ба назди Толиб Назаров, муовини сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ҳозир шавад: “Саҳар нозири минтақавӣ ба наздам омаду гуфт, туро сардори шӯъба интизор аст, вале ҳангоме, ки даъватнома талаб кардам, бо сардораш тамос гирифта телефонро ба ман дод. Муллоев ба ман гуфт, ки зуд ба назди Толибов равам, аммо чун ман аз бедарак шудани падарам огаҳ кардаму гуфтам, ҳоло дар хона касе нест, кӯдаконро нигоҳ кунад, гуфт, рав ба назди Толибов падаратро ҳамонҷо хоҳӣ дид”.
Ин ҳарфҳои Абдуллоеви хурдӣ дар ҳолест, ки Санавбар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев мегӯяд, шавҳари ӯ, ки ҳамроҳашон ба Додгоҳи олии иқтисодӣ омада буд, бедарак шуда, то ҳол касе намедонад, ӯ дар куҷо аст.
Хонаводаи Абдуллоев яке аз саҳҳомони бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритус ба шумор мераванд, ки бо додарарӯси президенти кишвар - Муҳибулло Саъдуллоев сари тақсимоти ин бозор баҳси додгоҳӣ доранд. Моҳи майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, бозор байни тарафҳо 50 ба 50 тақсим карда шавад. Абдуллоевҳо аз ин қарор ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, ахиран эълон карданд, дар сурати расидагӣ нашудан ба шикояти онҳо ба барномаи телевизиони "Пуст говорят"-и шабакаи аввали телевизиони Русия муроҷиат хоҳанд кард. Дар акс Санавбар Абдуллоева, модари Ином Абдуллоев
Мӯҳр