Манбаъ таъкид намуд, ки ҳосилғундории картошка ба наздикӣ оғоз шудааст, аллакай баъди воридшавии ҳосили нав нархи он дар бозорҳо поён рафта истодааст. Дар ин робита масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, зимни сўҳбат бо хабаргузории «Озодагон» тасдиқ карданд, ки картошка дар даҳаи дуюми моҳи сентябр арзонтар шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, дар давоми даҳ рўзи аввали моҳи сентябр нархи картошка дар бозорҳои Душанбе ҳудуди 20 дирам боло рафта, ба 1 сомонию 80 дирам расид, аммо дар 5 рўзи даҳаи дуюм ҳудуди 10 дирам поён рафта, нархи миёнаи як кило картошка ба 1 сомонию 70 дирам баробар шудааст.
Таҳлилгарони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳам бо такя ба ҳосили интизории хуб, арзоншавии минбаъдаи картошкаро пешгўӣ мекунанд.
Маврид ба ёдоварист, бо фармони президенти Тоҷикистон, аз соли гузашта содироти баъзе намудҳои озуқа аз кишвар, аз ҷумла картошка манъ аст.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |