“Озодагон” тасмим гирифт тарҳи “Бидуни сиёсат”-ро роҳандозӣ кунад, ки дар доираи он суҳбату гуфтугуҳо бо чеҳраҳои шинохтаи бахшҳои мухталиф анҷом мешавад. Ин суҳбатҳо асосан берун аз мавзӯъҳои сиёсиянд. Суҳбати аввал аз ин силсила бо доктор Абдулғафури Орзу, сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки пешниҳоди шумо мегардад.
Донишмандон ба ин назаранд, дар ин авохир шеър дар зиндагии иҷтимоии мардум он мавқеъро, ки замони пеш дошт, надорад ва имрӯз дунё бо забони атому “ракета” ҳарф мезанад. Назари Шумо ҳамчун як нафаре, ки бо шеър сару кор доред дар ин мавзӯъ чӣ аст?
Абдулғафури Орзу: “Шумо медонед, ки дар Қуръони маҷид омада “калимоти Худо дар болои ҳастӣ қарор дорад”. Дар Инҷил аввалин ояе ҳаст: “Дар оғоз калима буд, калима назди Худо буд, калима Худо буд”. Бинобар ин асоси офариниш бар калима устувор аст ва аз онҷое, ки инсон мавҷудест нотиқ ва абзор баёнии инсон калима ва воҳиди шеър ҳам калима ва таркиби калимот аст. Аз ин ҷиҳат дар ниҳоят шеър ҳамзод бо инсон аст. Шоир бо ҳастӣ наздик аст, яъне дар домони табиат, фарзанди табиат аст ва бо табиат зиндагӣ мекунад. Ҳар қадар такомули иҷтимоӣ ҳаракат мекунад ба ҳамон таносуб шеър дар ҳолати офоқӣ ё дунявӣ табдил мешавад ба ҳолати анфусӣ ва дарунӣ.
Таъсири офоқ бар анфос, яъне таъсири даруни инсон бар воқеиятҳои берунӣ сабки ироқиро ба вуҷуд меорад. Дар сабки ироқӣ шоир аз даруни худ шурӯъ мекунад берунро мебинад. На аз берун ба дарун. Аз ин ҷиҳат дар ин замон дуто далел дорад. Яке аз далоили муҳим ин аст, ки такомули иҷтимоӣ ҳар қадар пешрафт мекунад камол ҳам тағйир мекунад. Мо ду вожа дорем; яке такомул, ки як амри айнӣ, берунӣ ва воқеист. Бар мабнои қонунмандии табиат ва офаридаи Худованд аст. Яке камоли инсонист, ки амри зотист. Марбут ба инсонҳост. Дар сабки хуронсонӣ такомул ва шеър бо ҳам мувозианд. Яъне, шеър садои такомули иҷтимоӣ, садои нафас кашидани табиат аст. Чӣ гуна гул мешукуфад? Шоир нигоҳ мекунад. Бо табиат дамсоз аст. Аммо, ҳар қадр ба сабки ироқӣ меравед дунёи анфусӣ, дунёи дарунист, ки шеър меофарад. Яъне, аз домони табиат, аз воқеиятҳо каме фосила мегирад. Ба ҳамин тариқ дар сабки ҳиндӣ ва ба ҳамин тартиб аз қарни 4-уми ҳиҷрӣ қамарӣ то имрӯз такомули иҷтимоӣ пешрафт мекунад. Ба ҳамин таносуб ин воқеияти шоирона ранги дигаре мегирад”.
Се даҳсолаи ахир агар ба ҷомеаи Афғонистон назар кунем, як ҷомеаи пурталотуму дорои гирифториҳо буд. Чӣ боис гашт ва Шумо чӣ гуна фурсат ёфтед, ки даст ба таълифи ҳудудан 40 китоб бизанед? То ҷое медонем дар сангарҳои сиёсӣ ҳам будед ва омадед то мақоми сафорат. Чӣ шуморо маҷбур мекунад, то эҷод бикунед ва мухотабатон кӣ аст? Қишре, ки дар доираи ҳарбу ҷанг аст ё қишре, ки дар муҳоҷират аст ё барои худатон эҷод мекунед? Боре дар ин мавзӯъ андеша кардед?
Абдулғафури Орзу: “Мухотаби ҳар нависанда, бидуни шак, дар қадами аввал ҳамаи инсонҳост. Дар қадами дуввум инсонҳое, ки дар ҷуғрофиёи муайяне зиндагӣ ва ҳузур дорад. Ва табиист, ки бар асоси ниёзҳо ва тахассусе, ки дорад як нависанда менигорад. Ҳавзаи кори ман улумуи инсонист. Аз фалсафа, калом, сиёсат, шеър, достон ва билохира корҳои пажӯҳишӣ ва Қуръонпажӯҳишӣ. Китобҳои ман дар ҳавзаи сиёсат, “Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ”, “Сиёсати хориҷии Афғонистон дар қарни 21”, Чигунагии ҳуввияти миллии Афғонистон”, “Равшанфикр кист?”. Дар арсаи рӯдакишиносӣ “Шод зӣ”, “Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ”. Дар арсаи ирфон “Муқоисаи инсони комил аз дидгоҳи Бедилу Ҳофиз”, “Шеъру шуури орифон”. Дар арсаи Қуръонпажӯҳӣ “Нимнигоҳе ба тафсири мафотеъ ул ғайб”. Чандин асар ва маҷмӯаи шеър ҳам дорам.
Бубинед, мо нисбат ба зиндагӣ, нисбат ба ҳастӣ, нисбат ба иҷтимову мардуми худ эҳсоси масъулият мекунем. Вақте ки мо мегӯем мардум, аввал дар як ҷуғрофиё матраҳ мешавад ва баъд ин ҷуғрофиё бузург мешавад ба андозаи ҳамаи ҳастӣ. Чун як нависанда вақте ки менависад ӯ шиноснома надорад. Яъне, садои ӯ мутаалиқ ба ҳамаи олам аст. Достоевский аз ҳамаи олам аст, Рӯдакӣ аз ҳамаи олам аст, Ибни Сино аз ҳамаи олам аст. Нависандагон зодгоҳ доранд, аммо баъд аз ин ки менависанд китобҳои онҳо ҷаҳонӣ мешаванд. Яъне, ба тамоми ҷаҳон, ба тамоми башарият таалуқ доранд. Ҳар нависанда бар асоси ниёзмандиҳои иҷтимоии худ менависад. Ба ҳамин иллат шумо агар ашъори маро баррасӣ кунед; рӯзгоре буд, ки мо бар алайҳи Иттиҳоди Шӯрвӣ мубориза мекардем. Ашъори ман шеъри ҷанг аст. Ба хотири иззат, истиқлол, озодӣ бояд туфангро табдил ба қалам мекардем. Бо қалам ва туфанг бояд мехурушидем:
Инқилобе, ки дар он нест қалам, Наравад пеш ба ҷуз як ду қадам. Инқилобе, ки дар он нест шуур, Охируламр шавад зиндабагӯр Қаламу шӯру шууру шамшер, Бишканад ҳалқаи сахти занҷир.”
Гуфтед, замоне, ки бо Шӯравӣ меҷангидед, шеъри шумо ба он замон буд. Мо ҳам замони Шӯравӣ шоироне доштем, ки шеърашон фақат моли замон буд ва бо суқути Шӯравӣ номашон аз байн рафт ба ашъорашон ҳам барои ҳамон замон монд. Вале то ба имрӯз номи Рӯдакиву Фирдавсиву Ҳофиз маъруф аст. Мо шоироне ҳам дорем, ки дар ҳудуди як маҳал, як минтақа ва ё як шахсият монданд. Чаро шахсоне, назири Ҳофизу Иқболу дигарон пайдо намешавад?