Бахшҳо
19 дек 2014 10:49Тоҷикистон / Сиёсат

Иддаои Тошканд барои худкушии Раҳимҷонова ва нобоварии HRW

Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) бо изҳороти ҷадиде аз мақомоти Узбакистон хостааст, марги Нилуфар Раҳимҷоноваи 37-сола, ҳамсари Саидюнуси Истаравшанӣ ва духтари домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ, ки 12-уми сентябр дар зиндони мавсум ба "Зангиота"-и Тошканд фавтидааст, ба таври шаффоф таҳқиқ шавад.

Стив Свердлов, масъули HRW дар Осиёи Марказӣ дар иттилоияи расмии созмон, ки 18-уми декабр нашр шудааст, изҳор медорад, ки Раҳимҷонова ба иттиҳоми беасос ва бо ангезаи сиёсӣ дар Узбакистон зиндонӣ шуда буд. Ӯ мегӯяд, Раҳимҷонова ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва терроризм дар соли 2011 боздошт шуда, ба 10 соли зиндон маҳкум гардид: “Аммо ба таври мармуз баъди се соли адои ҷазо 12-уми сентябри соли 2014 дар зиндон ба ҳалокат расидааст ва масъулияти ин маргро мақомоти Узбакистон ба уҳда доранд.”

Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, Раҳимҷонова барои фаъолияти шавҳару падари худ маҳкум шудааст, ки аз солҳои 90-и асри гузашта инҷониб ҳамчун мунаққидони низоми ҷорикардаи Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон баромад мекарданд.

HRW аз қавли Саидюнуси Истаравшанӣ овардааст, ки Раҳимҷонова баъди боздошташ дар моҳи декабри соли 2011 маҷбур шудааст, ки дар рӯбарӯи дастгоҳи наворбардорӣ алайҳи шавҳару падараш баёнот диҳад ва гӯяд, ки онҳо бо Ҳаракати исломии Узбакистон рабт доранд. Ба қавли HRW Раҳимҷонова дар зиндон мавриди фишор қарор гирифта, дастрасияш ба вакили дифоъ низ маҳдуд шуда буд.

Ин созмон мегӯяд, марги Раҳимҷонова дар ҳолест, ки қаблан аз саломатияш шикояте накардааст ва наздиконаш низ, ки ду моҳ пеш аз марг ҳоли ӯро хабар гирифта будаанд, нишонаҳои бемориеро дар ӯ мушоҳида накардаанд.

HRW аз он интиқод намудааст, ки масъулини Узбакистон ташхиси сабаби марги Раҳимҷоноваро дар рӯзҳои аввал ба наздикон пешниҳод накардаанд: “Инчунин масъулини узбак вақти супоридани ҷасад ба наздикон пофишорӣ кардаанд, ки он ҳар чӣ зудтар ба хок супорида шаваду мавриди ташхис қарор нагирад. Дар санади марги таҳиякардаи мақомоти Узбакистон, ки танҳо баъди пофишориҳои вакили дифоъ пешниҳод шудааст, гуфта мешавад, ки гӯиё Раҳимҷонова худро ба дор овехтааст.”

Ин созмон таъкид мекунад, ки масъулияти ҳаёти зиндониёнро мақомоти Узбакистон ба уҳда доранд ва бояд ин қазия таҳқиқу гунаҳкорон муҷозот шаванд.

Қаблан Саидюнуси Истаравшанӣ, донишманди тоҷики муқими Эрон, аз Кумиссиюни ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид хоста буд, ки омилони марги ҳамсараш дар зиндони Тошканд, аз ҷумла Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон муҷозот шавад: “Талаби ман ин аст, ки парвандаи ин ҷинояти нобахшуданӣ аз тариқи бозҷӯҳои байналмилалӣ баррасӣ ва онгоҳ ин афроди ҷиноятпеша аз ҷумла шахси Каримов, дар яке аз додгоҳҳои байналмилалӣ, ки ин кумиссиюн таъйин мекунад, муҳокима ва ҳукми муносиб ва муҷозот барояшон содир бишавад.”

Дар идома ин донишманди тоҷик таъкид мекунад, ки гарчанде ҳукми Каримов ва дигар дастандаркорон модари фарзандонашро барнамегардонад, аммо имкон медиҳад, ки “дигар ҳеч зан ва ё марде дар ин кишвар ба ноҳақ ва бо иттиҳоми дурӯғин, маҳкум ба зиндон ва дар он ҷо кушта нашавад.”

Нилуфар Раҳимҷонова, ки шаҳрванди Узбакистон низ будааст, соли 2011 ба хотири иштирок дар тӯйи арӯсии бародараш Муҳаммадиқбол ба пойтахти ин кишвар сафар карда, бо ҷурми убури ғайриқонунии марз боздошт мешавад. Ба гуфтаи Истаравшанӣ, ӯ бо роҳнамоии муфаттишони узбак, ки ба ӯ мегӯянд, “бо ту коре надорем ва айби ту фақат “убури ғайри қонунии марз” аст, бигӯ, ту дар Эрон “омӯзиши низомӣ” дидаӣ ва ҳамсарат узви Ҳаракати Исломии Узбакистон аст ва туро ба Тошканд фиристода, то “амалиёти интиҳорӣ” дар яке аз нуқоти Тошканд анҷом бидиҳӣ! Нилуфар бовар мекунад ва тамоми он чӣ муфаттишон ба ӯ мегӯянд, иҷро мекунад. Дар натиҷа ӯ ба “терроризм”,“убури ғайриқонунии марз” ва “ҷосусӣ ба манфиати Тоҷикистон” айбдор шуда, ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон мешавад.” Раҳимҷонова рӯзи 12 сентябри соли равон дар зиндон фавтида, ҷасадаш рӯзи 13-ум ба наздиконаш супорида шудааст.
Мӯҳр
Муслим Кулоб
Худоё хакро ба хакдор бирасон ва нохак ва золимро шармада русиёх ва азоби дардноке ки дар Куронат ваъда додаи мучозот бифармо, Ё Хакк.

шохид
ХУДОВАДИ ПОК ИН ХОХАРАМОНРО ГАРИКИ РАХМАТ ВА ШОИСТАЙ ЧАННАТ ГАРДОНАД ВА БА БОЗМОНДАГОНИ ЭШОН САБРИ ЧАМИЛ ИНОЯТ ФАРМОЯД......ХУДОЁ!КОТИЛОНИ ИН МОДАРИ МАЗЛУМАРО БА АЗОБХОЙ ШАДИДИ ЗАМИНИ ВА ОСМОНИЯТ ГИРИФТОР БИКУН, ТО, КИ ДИГАР БА ХЕЧ ХОХАРИ МУСАЛМОНИ ДИГАР ЗАРАРАШОН НАРАСАД......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)