Бахшҳо

Модари миллат имрӯз кист?

Адаш ИСТАД

Афсонаи аз ҳама машҳуру беҳтарин ва дӯстдоштаи мардуми тоҷик кадом аст?

Хато намекунам, агар бигӯям, ки ҳам дар байни шаҳриёну ҳам деҳотиён афсонаи беҳтарину машҳуртарин “Бузаки ҷингилапо” буду ҳаст. Афсонаро ба гӯши бачаҳо модару модаркалонҳо мегуфтанду мегӯянд. Ва онҳо дар ин афсонаҳо дарду муаммоҳои худро муҷассам мекунанд. Ин афсона масал ё худ таҷассуми тақдири он модарони тоҷик аст, ки солҳои зиёде бе шавҳар кӯдакони худро тарбия мекунанд, ба воя мерасонанд.

Эътибор диҳед, ки дар ягон варианти ин афсона оид ба падари ин бузғолаҳо ҳарфе нест. Ягон кас (шунаванда) суол надодааст, ки падарашон куҷост. Зеро ҳама медонистанд, ки барои ёфтани қути лоямут ба кадом шаҳри дуре рафтааст. Ва ин модари бузғолаҳо ҳатто имкон надорад, ки ба таккаҳо – нарбузҳои ҳамсоя муроҷиат кунад, зеро онҳо низ нестанд дар он ҷо. Эҳтимоли қавист, ки онҳо низ ба мардикорӣ рафтаанд.

Ҳатто Саг, ки вазифааш иборат аст аз посбони ва муҳофизат аз Гург барои Бузаки ҷингилапо дар ҳавзаи душманон қарор дорад. Аввал аз Гургу Шағоли роҳзану дузду дарранда не, балки аз Саг гумонбар мешавад. Баъд ба хонаи Шағол меравад ва пас ба хонаи Гург. Ва дар ҳама ҷо барои наҷоти бачаҳояш аз худ ҷасорати бемонанде нишон медиҳад, тарафи душманро ба задухӯрд бо шохҳои тези худ даъват мекунад. Зеро агар бачаҳояш нобуд шаванд, барои ӯ зиндагӣ дигар маъное надорад.Билохир ин модарбузи ҷасур ба Гург зафар меёбад. Шиками Гургро бо шохҳояш чок карда бачаҳои ҳанӯз зиндаи худро берун меорад.

Имруз бошад ин Гурги доимзиндаи рамзии ривоятӣ боз ҳам дандонҳои худро тез кардааст…

Имрӯз низ модару модаркалонҳо ин афсонаро ба бачаҳо ба такрор мегӯянд ва бачаҳо бо шавқ гӯш мекунанд. Имрӯз низ ба ин афсона эҳтиёҷ ҳаст, зеро бисёр падарон ба мардикорӣ рафтаанду бисёр модарон низ ва бачаҳо дар дасти модаркалонҳои аксар пиру бемадор мондаанд. Гурги мардикорӣ интизори калону сергӯшттар шудани бачаҳост, то ки онҳоро ба шиками (яъне мардикорбозори) худ фурӯ барад.

Бузаки ҷингилапо чӣ хеле, ки сад сол пеш бе пушту паноҳ буд, ҳоло низ ҳамон вазъро дорад. Мардуми тоҷик бо ин афсона гуфтан мехоҳад, ки ҳалли чунин муаммо танҳо дар дасти модарон аст. Ман инро нагуфтаам ва намегӯям, инро худи халқ ба тариқи хулоса дар афсоонаи мазкур гуфтааст. Дар Тоҷикистон бонувони ҷасур кам нестанд. Баъзеи онҳо дар ҷасорат аз бисёр мардҳо пешқадамтаранд. Ман, ки он ҷо нестам, ҳоло намедонам, онҳо барои ҳалли муаммоҳое, ки азобашон медиҳад, созмонҳои ҷамъиятӣ сохта тавонистанд ё не.

Бонуе аз хонандагони Герби шердор баъди хондани мақолаҳои камина оиди зарурати ислоҳотӣ маорифи Тоҷикистон номаи бадарде навишта таъкид кардааст, ки ислоҳоти маориф самара нахоҳад дод, вақте ки модари тоҷик, ки тарбиягари нахустини насли наврас аст, имрӯз чунин ҳоле дорад. Камина низ дар чунин ақидаам, ки навад дар сади тарбия ба хонавода вобаста аст, хусусан ба модар. Илми муосир инро исбот кардааст. Масалан собит кардааст, ки кӯдакон наввад дар сади ҷаҳонбиниро то нӯҳсолагӣ мегиранд, ки дар ин ҳашт сол саҳми бузургтари таъсиррасониро асосан хонавода, яъне ҳамон модару модаркалонҳои бофаросату босавод доранд.

Донишмандони ИМА баъди 15-20-соли аз мактабҳо чида гирифта дар мактаби шогирдони боистеъдод тарбия кардани бачагон ба чунин хулоса омаданд, ки бачаи боистеъдодро асосан дар 2-3-солагӣ ва баъд дар сини кӯдакистонӣ дар кӯдакистон бояд бо ғамхории махсус фаро гириифт. Навваду панҷ дар сади истеъдод дар сини 2-8-солагӣ дар хона ва кӯдакистон ва дар синфҳои 1-2-и мактаби таълими умумӣ талаф мешудаанд! Панҷ фоизи боқимондаро мактаб мекушад. Дар натиҷаи муносибати нодуруст ва ғайрилмиву ғайриэҷодӣ.

Боре ба назди як директории мактаб бо масъалаи обунаи рӯзнома рафта будам. Дар ҳуҷраи директор бо ӯ ва муовинаш сӯҳбат мекардем, ки дар кушода шуду муаллим шогирди синнфи 5-умро дароварда гуфт: — Ин бачаи нофармон тамоман гӯш намекунад! Ҷазо диҳед!

Баъди ин сухан муаллим дарро пӯшида ба синфаш рафт, ки дарсро идома диҳад.
- Ин писарбачаи ба гапи муаллим гӯш намекардагиро чӣ кор мекунем?- пурсид муовин.
Директор дар ҳоле, ки мӯҳри мактабро аз сейф гирифта ба ҳуҷҷате зер мекард, гуфт:
- Ба ҳамин қуттии сейф ҷой карда аз болояш дарашро пӯшида қулф мекунем.

Бача ба даричаи сейф нигоҳ карда тарсид, баъд ба гиря даромада гуфт, ки тавба кардам, дигар дар дарсҳо ҳарфе назада хомӯш мешинам, ба муаллим гӯш мекунам, бе чуну чаро. Ман ба қуттии сейф нигоҳ карда ҳайрон мондам. Он баробари қуттии картонии туфлӣ буд, ки ҳатто каллаи бача бо он намеғунҷид. Яъне системаи қолабӣ аз ӯ фардеро сохтааст, муаллим ҳар чизи беасосро гӯяд, бовар кардан мегирад. Чун қобилияти мустақилона фикр карданро ё наомӯхтаанд ё аз мағзаш зудудаанд.

Ин нусхаи низоми мактаби Шӯравӣ буд, ки барои Шӯравӣ шаҳрвандони бе чуну чаро итоаткору фармонбардор яъне рӯҳу равонашон бардаро тарбия мекунад. Дар хонаводаҳое, ки аз илми муосири педагогика ва психология хабар надоранд, завқи кашшофгарии кӯдакро бо манъкуниҳои зиёд мекушанд. Дар кӯдакистон бошад боз ҳам ба қолаб даровардани кӯдакон давом мекунад.

Вақте ки кӯдак ба синфи якуми мактаб омад, аллакай шавқи мустақилона амал карданро гум кардааст ва метарсад, ки ғайриоддӣ фикр намояду ғайриоддӣ амал намояд.
- Фарзандатон чӣ хел бачаи хушрафтор, ки ҳеҷ шӯхӣ намекунад. Раҳмат ба тарбияатон,- мегӯяд роҳбари синф ба модари он бача.

Модари он бачаи орому аълохон низ хурсанд аст, аз ин суханон. Аммо намедонад, ки аз чунин тоифаи кӯдакони иродаашон хурдшуда дигар шахсияти намоён намебарояд. Ҳатто донишманди миёна низ.

Ҳамин тавр аз даруни як муаммо муаммоҳои дигар баромад, ки нахуст бояд онҳоро баррасӣ мекардам. Яъне барои он ки шӯълаи шамъи истеъдодро модар дар дили кӯдак накушад, худи модарро бояд таълим дод. Дар Русия ин вазифа ба зиммаи шабакаҳои телевизионии “Мать и дитя” ва “Первый образовательний” гузошта шудааст. Имкони шабакае ба ин монанд дар Тоҷикистон таъсис додан будагист. Эҳтимол гӯянд, ки давлат имкони молиявӣ надорад ба ташкили шабакаи нави телевизионӣ. Касе, ки чунин мегӯяд, аслан ақл надорад, чун ҳастии миллату давлат ба тарбияи насли оянда вобаста аст ва давлате, ки ба ин соҳа маблағгузорӣ намекунад, оянда надорад. Дар бобати таъсиси чунин шабака бо телевизионҳои форсизабон ҳамкорӣ кардан самараи хубе дода метавонад. Чанд бор мушоҳида кардаам, ки донишмандони равоншиноси эронӣ ба суолҳои бинандагони телевизион оиди тарбияи кӯдакон посухи ҳамаҷонибаи мӯътамад медоданд.

Дар Самарқанд Георгий Ким ном куриёӣ зиндагӣ мекард. Рассоми хубе буд ва инсони наҷиб. Забони тоҷикиро медонист. Азбаски бо чанде аз рассомон дӯстӣ доштам, маро мешинохт.
Боре пурсид: - Чаро ин қадар ғамгинед?
Гуфтам: - Имшаб филми мустанадеро оид ба рӯзгори мардикорони тоҷик дар Русия дидам.
Гуфт: - Мо куриёгиёни Япония дар Япония чунин вазъ доштем. Сипас курёгиёни Япония номае навиштанд ба номи сарвари миллат Ким Ир Сен. Дар нома ба дараҷаи сорти дуввум афтодани куриёгиёни Японияро тасвир кардаанд.

Ким Ир Сен барои маорифи онон панҷоҳ миллиард доллар (ин ҷо муболиға будагист – А.И) ҷудо карда гуфтааст, ки барои мактабу донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон таълим гирифтан сарф кунанд. Солҳо гузаштанд ва ҳоло дар Япония ягон куриёӣ кӯчарӯби намекунад, ҳама дар вазифаҳои баланданд.
Гуфтам: — Тоҷикистон ин қадар маблағ надорад.
Гуфт: — Гап танҳо дар маблағ не, гап дар роҳбарон. Агар лидер бошад, ақалан қарз мегирад аз ягон ҷой. Ҳукумат чӣ хеле бошад, маориф ҳамон хел мешавад. Модари ба ҳоли бардагӣ гирифтор ғуломбача зоидан мегирад.

Ин куриёӣ ҳақ аст ё на, намедонам.

Агар ҳақ нест, пас рӯзномае, ки ин мақолаҳои каминаро аз Интернет гирифта чоп мекунад, марҳамат, радияе нашр намояд, расмӣ ё ғайрирасмӣ ва атрофи ин масъала рӯшанфикрони тоҷик баҳсе кунанд, сипас муаммоҳои маориф равшантар намоён мегарданд.

Камина ҳоло як эҷодкори берунмарзиам, муаммоҳои маорифи Тоҷикистонро то он ҷое ки лозим аст, намедонам. Ба ин сабаб хонандаро ба баҳс даъват мекунам/


Аз блоги "Герби шердор"
Мӯҳр
ц
Кисмати зиеди точикон харгиз ба хондан шавк надоранд. Ин аз тарбияи суст дар оила ва танбали далолат мекунад. Бештар харакат мекунад на бо рохи илму дониш сохибе макоме шаванд, балки рохи фиребгари ва ханнотиро пеш мегиранд. Барои хамин хам точик имруз халки аз хама беобрутарин аст.

Агарчи хеле мехохам, ки далелхои овардашударо инкор кунам, вале ба холати вокеии зани точик, миллати точик ва вазъияти марифи точик менигараму афсусхурона хамаи далелхои маводро ба пурраги тасдик мекунам. Зани точик имруз вокеан на танхо парваришкунандаву тарбиякунанда ва таъминкунандаи кудакон, балки хомиву пешбарандаи иктисодиёт ва сиёсати кишвар низ хаст.
Мо мардон бошем гапшунаву хизматгор ва гуломи халкабардуши миллатхои дигар дар хорич аз кишварем. Мо мардони дигар номовари миллат нест нестем ва танхо ба ноновар табдил ёфтаем. Ба хотири таъмини фарзандон, бинобюар вазъияти вазнини иктисодии кишвар дар назди хар кофармо сархаму музлимем. Сари мо кайхо хаму ахволи мо табох шудааст, вале ба хотири он ки бузаки чингилапои мо кудакони моро калон кардаву ба воя расонад гохе аз такка будани худ ёд карда, аз дур барояшон хурдани ва ё пушидание мефиристем, бо хамин вазифаи худро ичрошуда мехисобем, вале намедонем, ки гург хамеша дар шикори фарзандони мо аст. Тифлакони мо аз хозири дар рухияи тарс тарбия меёбанд ва мо хам дар рухияи тарс аз гури вахшитаре дар мухочират зиндагиву кори худро бо душвори идома медихем.
Хеч шароите барои зиндагии якчоя бо бузаки чингилапо ва тифлакони уро надорем, чунки агар бо онхо бимонем, шояд тифлакон на аз дасти гург, балки аз дасти гурунаги фано шаванд. Дар кишвар на имкони кор асту на имкони таъмини онхо.
Кудаконамон аз синфхонахои хунуку бебарк ва беалов хар руз беморанду шабхо сулфа гулугирашон мекунад, вале мо чорае чуз тасалли додан надорем.
Пас чи бояд кард?

Мбаго
Огои Адаш, мафккураи кулли наслхоии гушта ва имрузаи мо зери таъсири афсонаи "Б.Ч." ташаккул ёфтааст. Худат барои чи берун аз марзи "Б.Ч." мегарди. Биё то хизмат бикун ва сахматро ба маориф гузор. То ки афсонахо нав бофта шавад барои модарон.

Муслим Кулоби бача
786
Салом миллати мусулмони Тч. Мо барои сарбаланди ва сарфарози хамеша ба доштани Худо, Ислом ва бузургони гузаштаамон фахру ифтихор карда ва меболем. Бале ин кори дуруст аст. Ин ки мардумоне шахсоне захмату азобу машакатхо кашидану номи худро ва номимиллатро баланд бардошта ва хифз карданд. Дар хар макому мансаб, чи илми чи сиёси вазифаи худро ботамому камол анчом додадн. Динфуруши миллат пастзани ва Ватанфуруши ва сарзамин фуруши накарданд.
Мо онхоро бишносем ва нисфи онхоро амал кунем кор кунем басандааст.
Имруз хар точике ки эълони дилсузи кунад ё мухри хоин ё ватанфуруши ё хоин дар пешонияш мезананду дар банду зиндонаш мекунан, худи мансабдорон бо вучуди беш аз 20 сол гузаштан чи коре ё корхое барои иззату сарбалади ва маишати мардуми точик карданд. Агар хукме барорем бояд аввал барои мансабдороне ки на хизмат балки хиёнат карданд бояд бароран, туи мансабдоре ки натавонисти барои миллат коре бикуни чаро соли 2юм ё 5ум вазифаро насупориди холо 15 то 20 сол аст. Мардум аз курраи мох гузатан дар дигар саёрахо рафтану чой барои зис ёфтестахан миллати мо хануз як барномаи барузи имрузиро очизу нотавон мондааст.

з
Хайфо дер шуда истодааст

"Ҳукумат чӣ хеле бошад, маориф ҳамон хел мешавад. Модари ба ҳоли бардагӣ гирифтор ғуломбача зоидан мегирад".
Пас бояд аввал мардумро аз бардагӣ озод намуд!!!

Муаллим
Устоди азиз,Адаш Истад.Масъалаи хеле мухимро матрах намудаед.Ман худ дар як мактаби дехот омузгорам ва шояд масъалаи мактабу маорифро аз дохили он бехтар донам.Хукумати ЧТ барои бехбуд бахшидан ба ин соха сол то сол зиёд корхоро ба анчом мерасонад,аммо мушкили дар сари амаликунандагони карорхои кабулшуда мебошад....Вакте,ки музди миёнаи омузгор 500-600с ташкил медихад ва аз хамин хисоб 20-25фоиз мачбуран барои обунаи газетахои хукумати ситонда мешавад,10фоиз барои мехмонхои санчишгар,барои карзи ичораи китоби солхои ?,10ё20с барои ким кадом филм ё намоишномае,ки шиноси мудири маориф мебошад ва гайраву хоказо.Холо мо дар бораи маблагхое,ки аз хонандагон хамаруза меситонем чизе намегуем,чунки инро хамаи онхое,ки фарзандонаш дар мактаб тахсил мекунанд,медонанд.Хулас мактаб на чои маърифат,балки бозори хуби сумчамъкуни мебошад...

Наистад Душанбе
Мухтарам Истад имруз точикони Самарканд забони модариашро бо миллаташ фаромуш карда истодаанд ва шумо.ки аз Точикистон рафтед бо онхо пайвастед.хуб мешуд дар он чо масьалаи нестшавии миллатро барраси мекардед хуб мешуд.Бале дар Точикистон камбуди аз пешрави бисьер аст.ва он норасоии.ки вучуд дорад мумкин халашро хеч вакт наебад.аз барои нохудабароии сарварони давлат.Аммо ба як чиз шукр мегуем миллатамонро бо забонамон бо бегонагон иваз накардем.

Точикак
Хеле навиштахои устодро пазмон шуда будем. Ман аз он тоифа хастам, ки дар оилаи китобдорон тарбият шуда будаму хатто як ду китоби Адаш Истадро низ хондаам. Дигар мо як ё ду не дах наслро аз даст додаем, ки сабагори асосияш хамин хукумати чоночонамон аст. То вакте маориф дар САДРИ барномахои давлат карор нагирад, мо дар дунё макоме касб намекунем. Чопун хамон вакт Чопун шуд, ки сеяки даромади давлат ба маориф сарф мешуду баъди 20 соли чанги дуюм чахиши бемисле нишон дод. Моро харгиз бо ин харсаворон чахиш насиб нахохад шуд...тамом вассалом...

Устод, бовар кунед масъалаи доги рузро матрах кардед. Чомеаи точик ба манкуртизатсия гирифтор шудааст.
Олиме аз дар дарояд бо хазорон илму фазл,
Мардумон гуянд солус аз пайи нон омадаст....

Сохиб
Бародар Адаш Истад ман Шуморо хуб мешиносамЧуноне медонед афсона дуруг аст чун ваъдахои имрузаи баъзе аз рохбаронь

Dev
Hukumatro meboyad tamomi kushishu gajratro bahri tarbiyai modar ravon gardonad. Boyad 80 dar 100i omuzgoroni maktab az hisobi zan-modar tashkil shavad.Az yak taraf modari oyanda sohibmalumot ast, az tarafi digar tarbiyadihanda ham hast.Vakte zan-modar hud sohibmalumot ast, tarbiya dihandavu tarbiyakunanda ast, pas fazoi honaro niz digargun megardad.Holo boshad oilai tojik kulvori holi dorad.Buzaki jingilapoi hozira lajokati digar nadorad ba juz tavallud kardanu ba sari kudak farjod zadan.Vakte mebinem,ki padaru modar hudashon maktabbacharo baroi arobakashi (gulomi) ba Rossiya tahrik medihand,digar az on padaru modar chiro intizor meboyad shud?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)