Минатдории Робин Ортд Смит ба вазири хориҷии Тоҷикистон
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Робин Ортд Смит, сафири Бритониё дар Душанберо ба хотири анҷоми ваколати дипломатиаш дар кишвар ба ҳузур пазируфтааст.
Тавре аз дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар хабар доданд, дидори Аслов бо Орд Смит рӯзи 18 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ин мулоқот саҳми сафири Бритониёро дар густариши равобити дуҷонибаи Душанбею Лондон арзанда хонда, бо сипосгузорӣ таъкид кардааст, “дар давоми фаъолияти Смит дар Тоҷикистон ҷонибҳо ба муваффақиятҳо дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷониба комёб шуданд.”
Дипломати Бритониё низ дар навбати худ барои мусоидат ва дастгирӣ дар давоми фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба Аслов миннатдорӣ баён кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |