Коҳиши қурби рубл муҳоҷиронро ба Сурия мебарад?
Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” гуфтааст, коҳиши бесобиқаи қурби рубли русӣ муҳоҷирони кории тоҷикро маҷбур мекунад ба Ватан баргарданд.
Оқои Шарипов дар суҳбат ба радиои “Говорит Москва” изҳор доштааст, “бахши асосии одамони мо тасмим доранд ба Ватан баргашта, дубора ба Русия наоянд, зеро ҳоло ҳазор рубли русӣ дар Тоҷикистон 65 сомонӣ аст, дар ҳоле ки қаблан 126-130 сомонӣ арзиш дошт. Суол пайдо мешавад, ки онҳо ба куҷо мераванд? Аз рӯи пешгӯиҳо ба Сурия, ба Ироқ”.
Раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” афзудааст, коҳиши рубл метавонад масъалаи марбут ба маводи мухаддирро дигарбора доғ кунад, чун ба гуфтаи ӯ, бештари муҳоҷирон, ки манбаи дигари даромад надоранд, маҷбур мешаванд, ба қочоқи маводи нашъадор сару кор бигиранд.
Ӯ инчунин ба пардохт нашудани ҳақмузди муҳоҷирони тоҷик аз сӯи корфармоён ишора карда, гуфтааст, танҳо дар Маскав беш аз як миллиард рубли шаҳрвандони Тоҷикистон пардохт нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |