Убайдуллоеву Феррарӣ тақдири аквапарки Душанберо баррасӣ карданд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе барои баҳси тақдири Аквапарки пойтахт бо Франческо Феррарӣ, муовини раҳбари ширкати итолиёвии “Preston&Barbieri” мулоқот кардааст.
Ин ширкат дар озмуни эълоннамудаи шаҳрдорӣ барои дарёфти интихоби беҳтарин лоиҳа ва пудрадчии асосии иҷрои корҳо дар таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ – хароҷотии иншооти сохтмонаш нотамоми “Аквапарк дар шаҳри Душанбе” ғолиб омада буд.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, вохӯрии Убайдуллоев бо Феррарӣ рӯзи 17 декабр баргузор шуда, дар он ҷонибҳо масъалаи ҳолати ҷараёни таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ – хароҷотии ин аквапарки пойтахтро баррасӣ кардаанд. Инчунин дар ин мулоқот ба зарурати ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бо ин ширкат таъкид шуда, қарор намуданд, корҳои зикршуда то 31 январи соли 2015 дар робита ба омодасозии лоиҳаи кории иншоот ва ба экспертиза супоридани он, анҷом дода шавад.
Франческо Феррарӣ дар идома аз шаҳрдории Душанбе хостааст, барои ворид кардани номи “Боғи пойтахт”, ки дар истеҳсол ва насби аттраксионҳои замонавии он ширкати зертобеаш саҳм дорад, дар Озмуни байналхалқии боғҳои аттраксионию фароғатӣ дар шаҳри Маскав иҷоза диҳад, чун ба гуфтаи ӯ, “Боғи пойтахт” яке аз боғҳои ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ аст.
Аквапарки нотамоми Душанбе дар маркази шаҳр воқеъ буда, сохтмони он ҳанӯз 10 сол пеш оғоз шудааст. Ширкати туркии “Эмек иншаат”, ки соли 2004 дар озмуни бунёди аквапарки Душанбе пирӯз шуда буд, аз ҳукумати пойтахт беш аз 2 миллион доллар гирифтааст. Аммо баъдан дар пайи ихтилофҳо оид ба арзиши ин иншоот, “Эмек Иншаат” сохтмонро нотамом гузошт ва пули шаҳрдориро барнагардонда, Тоҷикистонро тарк кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |