Тоҷикистон дар Маскав самтҳои асосии фаъолияти СААД-ро баррасӣ мекунад
Вазирони умури хориҷӣ ва дифои кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар пойтахти Русия гирдиҳам меоянд.
Ба иттилои дафтари матбуотии СААД, ҷаласаи навбатии вазирони умури хориҷӣ ва дифои кишварҳои узви ин созмон рӯзи 22 декабр дар шаҳри Маскав баргузор мешавад. Манбаъ мегӯяд, дар иҷлос Николай Бордюжа, дабири кулли СААД суханронӣ мекунад ва ҷониби Тоҷикистон, ки соли 2015 раҳбарии ин созмонро бар уҳда мегирад, самтҳои асосии фаъолияти созмонро дар соли оянда ба баҳс хоҳад кашид.
Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар асоси Созишнома оид ба амнияти дастаҷамъӣ, ки моҳи майи 1992 ба имзо расидааст, ташкил шуда, то кунун Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон ва Қирғизистон ба узвияти он шомиланд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |