(ВИДЕО) Таърихи имрӯз: Мавлуди Гулрухсор Сафиева, Хурмо Ширинова, Лола Пӯлодова

ЧОРШАНБЕ. 17 декабр - 351-умин рӯзи сол. То поёни сол 14 рӯзи дигар монда.
* ГУЛРУХСОР САФИЕВА (1947). Шоира, нависанда, рӯзноманигор, драматург, тарҷумон. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон (1999). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2003)
Зиндагинома
Гулрухсор Сафиева дар деҳаи Яхчи водии Рашт ба дунё омадааст. Соли 1968 факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ)-ро хатм кардааст. Дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун хамчун рӯзноманигор ва сардабир фаъолият намудааст. Ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (1968-1969), мудири бахши фарҳанг ва матбуоти Кумитаи марказии Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон (1969-1970), сармуҳаррири рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” ва маҷаллаи “Машъал” (1970-1972), сармуҳаррири рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” (1970-1981), раиси хазинаи маданияти Тоҷикистон (1987- 1993) иҷрои вазифа кардааст. Котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Узви Ассотсиатсияи нависандагони Осиё ва Африқо, раиси Хазинаи байналмилалии фарҳанги Тоҷикистон, Вакили Совети Олии СССР (1989-1991), пезиденти Академияи байналмилалии фарҳанги АвруОсиё (1994 - 2004, Русия) буд.
Асарҳои Гулрухсор Сафиева (назму наср ва илм) ба забонҳои гуногуни халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики ҷаҳон нашр шудааст. Ӯ аввалин нависандаи роман дар бораи зани тоҷик, дар давлатҳои Осиёи Миёна ва Тоҷикистон мебошад. Гулрухсор дар таҳқиқи фолклори водии Рашт саҳми арзандае гузоштааст. Аввалин шеъраш “Баҳор” (1962) ва аввалин маҷмӯаи шеъриаш “Бунафша” (1970) ном дорад.
(Маълумот аз Википедиа)
*Абдуллоев Абдуманнон (1950) – доктори илми биологӣ, узви вобастаи АФ Тоҷикистон;
* Горбунов Григорий (1929)- бутофори театр, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
* Моёншо Назаршоев (1929 – 1994) – доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон;
* Акбар Нурматов (1942) – доктори илми тиб, профессор;
* Лола Пӯлодова (1954) – оҳангсоз;
* Ҳаким Юсуфов (1918 – 1990) – доктори илми геологӣ;
* Хурмо Ширинова (1957) - овозхони саршиноси тоҷик;
"Ману дарё", яке аз таронаҳои маъруфи Хурмо Ширинова
# Рӯзи кормандони додситонӣ дар Тоҷикистон;
# Рӯзи кино дар Белорусия;
# Рӯзи миллии Бутан
# Рӯзи хизматчиёни давлатӣ дар Украина
= Оғози амалиёти муштараки “Рӯбоҳи биёбонӣ”-и Амрико ва Британияи Кабир ба Ироқ (1998)
= Аввалин ба рӯйхатгирии аҳолӣ дар ИҶШС (1926)
^ Шаҳри Душанбе – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 0-2 хунук, рӯзона 1-13 гарм;
^ Навоҳии тобеи марказ – Абрӣ. Дар баъзе ҷойҳо барф ва борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона 5-10 гарм, дар баландкуҳҳо шабона 2-7 хунук (дар ноҳияи Ҷиргатол то ба 11 дараҷа мерасад ), рӯзона -2+3;
^ Шаҳри Қӯрғонтеппа – Абрӣ. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 0-2 хунук, рӯзона 10-12 гарм;
Вилояти Хатлон – Абрӣ. Бориш намешавад дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5 хунунк, рӯзона 9-14 гарм, дар доманакуҳҳо шабона 3-8 хунук, рӯзона 6-11 гарм;
^ Шаҳри Хуҷанд – Абрӣ. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 2-4 хунук, рӯзона 3-5 гарм;
Вилояти Суғд – Абрӣ. Дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6 хунук, рӯзона 0-5 гарм, дар куҳҳо шабона 11-16 , рӯзона -2+3;
^ Шаҳри Хоруғ – Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 8-10 хунук, рӯзона -2+5 гарм;
^ Шаҳри Мурғоб – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 21-23 хунук, рӯзона 7-8 хунук;
ВМКБ – Абрӣ. Боришот намешавад Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: дар ҒВМКБ шабона 8-13 хунук, рӯзона 0-5 гарм, дар ШВМКБ шабона 21-26 хунук, рӯзона 6-11 хунук.
Маълумот аз торнамои meteo.tj
1 доллари ИМА - 5,2305
1 ЕВРО – 6,4763
10 рубли русӣ – 0,0862
1 манати Озарбойҷон -- 6,6673
1000 риёли Эрон – 0,1935
10 тангаи Қазоқистон – 0,2879
10 соми Қирғизистон – 0,9081
1 юани Чин – 0.8445
1 динори Кувайт – 17,9188
1 манати нави Туркманистон – 1,8353
1 лири Туркия – 2,2616
100 суми Узбакистон – 0,2167
Маъмулот аз торнамои bmt.tj
Мӯҳр
Хабарҳои монанд:
Таърихи як рӯз: Таваллуд, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, қурби асъор...
Таърихи як рӯз: Мавлуд, ҷашнҳо, дамои ҳаво, қурби асъор
Аҳмадинажод, Ғаззолӣ, Билл Гейтс, ҳайкали озодӣ, "Airbus A300”...
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |