Бахшҳо
16 дек 2014 16:04Ҳуқуқи инсон

Чаҳор нафари дигар ҳамчун “салафӣ" аз 5 то 6,2 сол зиндонӣ шуданд

Маҳмудҷон РАҲМАТОВ

Додгоҳи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, 4 нафареро, ки дар се моҳи пеш бо гумони пайравӣ ба ҷараёни ифротгарои Салафия дар ноҳияи Фархор боздошт шуда буданд, мутаносибан ба 5 ва 6 солу 2 моҳ маҳкум ба зиндон кард.


Додгоҳи минтақаи Кӯлоб ҳукми худро нисбати чаҳор сокини ҷавони ноҳияи Фархори вилояти Хатлонро рӯзи чаҳоршанбеи 10 декабр эълон кард. Ба ин тартиб додгоҳ, нисбати Эраҷ Алиев, Идрис Эсанов ва Баҳром Абдуғафоров ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати 5 – солӣ ва барои Абдураҳмон Исмонов 6 солу ду моҳи зиндонро раво донист. Масъулони додгоҳи минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ки ин афродро мутобиқи моддаи 189, қисми 2, банди «г», яъне, «барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ анҷом дода шудааст» муҷрим шинохта шуда ва маҳкум ба зиндон шуданд. Дар ҳамин ҳол пайвандони ин афрод, ки аз 30 то 35 сол доранд, ҳукми додгоҳро беасос хонда ва гуфтаанд, ки алайҳи он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебаранд.

Зимнан, мақомоти интизомии Тоҷикистон ин чор нафарро моҳи июли соли ҷорӣ ба гумони пайравӣ аз ҷараёни тундрав ва мамнӯъи Салафия дар ноҳияи Фархор замоне боздошт кардаанд, ки чанде аз онҳо дар дохили бозори марказии ноҳия ақоиди ин равияро тарғиб мекарданд. Эмомалӣ Амиров, масъули Кумитаи кор бо дин дар ноҳияи Фархор он замон гуфта буд, ки ин афрод аз дер боз бо рафторҳои ғайримаъмулии худ зери назари мақомот қарор доштанд ва онҳо замоне боздошт шудаанд, ки дигар шубҳае ба шомил будани онҳо дар ҷараёни Салафия боқӣ намонда буд. Ҷаноби Амиров гуфта буд, “Мутаассифона, бо вуҷуди таъкид дар масҷидҳо, ки дар мазҳаби Имоми Аъзам пойдор бимонед, бархе боз бо чунин роҳи хато мераванд. Мушоҳида мешуд, ки ин ҷавонон дар масҷид ба таври дигар намоз мегузоранд. Намози ҷумъае нест, ки имомхатибон аз покии мазҳаби Имоми Аъзам сӯҳбат накунанд. Бисёриҳо дарк мекунанд, аммо мисли ин ҷавонон, ки мағзашон дигар чизро қабул намекунад, ба амалҳои хилофи шариату қонун давом медиҳанд," -- гуфт ҷаноби Амиров.

Аммо дар ҳамин ҳол, Абдуғаффор Абдураҳмонов, падари Баҳром Абдуғаффоров, ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзандаш ба ҳеҷ равияи ғайриқонуние шомил набуд. Ӯ мегӯяд, фарзандаш дар бозори марказии Фархор тиҷорат дошт ва ҳеҷ гоҳе мушоҳида накардааст, ки чӣ дар хона ва ё ҷои кор ӯ дар мавзӯи мазҳабӣ сӯҳбату баҳс карда бошад. Вай гуфт, “Панҷ фарзанд дорад. Бачаи беақл набуд, ки ба чунин роҳ равад. Омаданд, бе ягон асос хонаашро кофтанд. Фақат риш дошт, вале умуман дар бораи ин равияҳо чизе намедонист. Ӯ қонунро хуб медонист ва ба хотири ҳамин 5 фарзандаш ҳеҷ гоҳ коре хилофи қонун намекард. Бовар дорам, ки ӯ бегуноҳ аст. Ҳоло барояш вакили дифоъ мегирам ва бовар дорам, ки озод мешавад."

Дар ду соли гузашта беш аз 10 нафар дар ин минтақа бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи салафӣ ё ҳамдастӣ бо он ҷазо гирифта, бархе аз онҳо бар пояи Қонуни афви арафаи 20-солагии Қонуни асосии Тоҷикистон аз маҳбас озод шудаанд. Салафия равияест, ки пайравонаш бо тариқи хоси намозгузорӣ ва андешаву афкор дар мавриди ислом аз пайравони мазҳаби ҳанафӣ фарқ доранд. Ин равия тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон сар аз соли 2008 дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуд. Пайравони ин равияи ифротӣ аксаран дар Арабистони Саудӣ ҳастанд.


Чаҳор нафари дигар ҳамчун “салафӣ" аз 5 то 6,2 сол зиндонӣ шуданд

Эмомалӣ Амиров, масъули Кумитаи кор бо дин дар ноҳияи Фархор
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)