(ВИДЕО) Кӯмакхоҳии маъюб аз президент: Писарамро наҷот диҳед

Қурбоналӣ Муродов, як сокини 56-солаи шаҳри Душанбе бо муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон, райисиҷумҳури Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт ва мардуми хайрхоҳ барои табобати писари бемораш кӯмак мехоҳад.
Бино ба гуфтаи волидони Абдуалӣ Муродов, ӯ беш аз якуним моҳ мешавад, ки аз дарди гурда ранҷ мекашад ва ба табобати фаврӣ ниёз дорад. Қурбоналӣ Муродов, падари Абдуалӣ мегӯяд, дар пайи ташхиси тиббӣ маълум шуда, ӯ модарзод як гурда надорад ва гурдаи ягонааш ҳам сиҳат нест. Барои муолиҷа маблағи зиёд лозим аст, вале ин хонавода дар ҳолати фақр ба сар мебарад. “Ман маъюби гуруҳи дуюмам. Ҳар ду поям маъюб аст. Дар бозори “Корвон” сурудхонӣ мекунам ва бо ҳамин рӯз мегузаронем. Нафақаам ба таъмини зиндагӣ намерасад. Аз пули барқу об қарздорем”,-мегӯяд Қурбоналӣ.
Манзили Қурбоналӣ Муродов дар кӯчаи Нахимови маҳаллаи Гипрозем воқеъ буда, онҳо дар шароити хеле бад зиндагӣ мекунанд. Қурбонгул Шодиева, модари Абдуалӣ мегӯяд, худи ӯ аз бемории қанд ранҷ мебурд ва як духтарашон низ мариз аст: “Аз ҳамаи одамоне, ки имкон доранд, хоҳиш мекунам барои табобати писарам кӯмаки худро дареғ надоранд”.
Абдуалии 18-сола фарзанди дуюми хонадони Қурбоналӣ мебошад ва дар курси сеюми Литсеи касбии хизмат ва туризм таҳсил мекунад. Волидони ӯ бовар доранд, афроди хайрхоҳ кам нестанд ва барои муолиҷаи фарзандашон кӯмак хоҳанд кард.
Нафароне, ки мехоҳанд ба ин хонавода кӯмак расонанд, бо ин шумора тамос бигиранд: 989-02-97-04
Суроғаи манзил: Ноҳияи Сино, маҳаллаи Гипрозем, кӯчаи Нахимов, хонаи 59, утоқи 8.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |