ҲНИТ писару духтари Нуриро ба парлумон пешбарӣ кард
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз, 16-уми декабр дар Анҷумани пешазинтихоботӣ исми 28 номзади худ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015-ро эълон кард. Дар сархати феҳраст Муҳиддин Кабирӣ раиси ҳизб, дар пайи ӯ Саидиброҳими Назар қарор дорад.
Дар ин рӯйхат номи Муҳаммадҷон ва Руқия, писар ва духтари Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори ҲНИТ низ ҳаст. Хабарнигори “Озодагон”, ки дар ин анҷуман ҳузур дорад мегӯяд, номи Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ, ки ҳоло намояндаи парлумон мебошад, низ дар феҳраст мавҷуд аст: “Сайидиброҳими Назар - мушовири раиси ҲНИТ, Муҳаммадалии Ҳайит, Зарафо Раҳмонӣ, Воҳидхони Қосиддин, Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, Аббос Раҷабов, Шоҳнаими Карим, Қиёмиддини Аваз, Хайринисо Саидова, Илҳом Ёқубов, Раҳматулои Раҷаб, Шералӣ Саидов, Таваккал Бобоев, Оиша Бобоҷонова ва Шарофат Шарофиддинова аз чеҳраҳои шинохтае ҳастанд, ки вориди феҳрасти номзадҳои ҲНИТ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ шудаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |