Ба манзили электронии хабаргузории “Озодагон” аз номи Сӯфӣ Сафиев, ки худро муҳоҷир муаррифӣ кардааст, матлабе расида, ки ҳоло пешниҳоди хонанда мегардад.
“Ватани маҳбубамон Тоҷикистон зиёда аз 20 сол аст, ки мустақил аст. Тули ин замон як тифли яксола ба як ҷавони пурҷушу хуруш табдил ёфт ва дар ақсои олам аз Осиё сар карда то Африқову Амрико таҳаввулоти зиёде шуд. Давлатҳои наве дар рӯи харитаи сиёсии ҷаҳон ба вуҷуд омаданд ва ҳамзамон миллатҳое азияткашида дар раванди давлатсозианд. Дар Ватани азизи мо низ дигаргуниҳои ҷиддие шуд. Бузургтарини онҳо хотима ёфтани ҷанги нангини бародаркушист.
Ҳоло теъдоди муҳоҷирони мо ба миллонҳо расидааст. Дар тули таърихи дарозаш ин миллат ба ин ҳад муҳоҷир нашуда буд.
Аммо ман ҳамчун як шаҳрванди қатории ин давлати ҷавон ва дӯстдори ин миллати таърих, фарҳанг ва тамаддуни бузургдошта аз он ки рӯз ба рӯз, ҳатто соат ба соат рӯзгори ҳаммилатонаму ман рӯ ба таназзул аст, сахт нороҳатам. Рӯз ба рӯз вазъи иҷтимоии ҳаммилатони ман дорад бад мешавад, ба ҷои он ки беҳтар шаваду рушду саодат ёбад. Чаро мо наметавонем зиндагии мисли инсони муосир дошта бошем? Тақсири чунин рӯзгори ноадолатона ба ҳаммилатони ман чист ва ё кист?
Дар тамоми давру замонҳо саодати рӯзгори як миллат ба раҳбарони он сахт вобаста буду ҳаст. Албатта, ин ҳам ҳаст ки пешрафи ҳар миллат ба авомунноси он низ вобастагии қавӣ дорад. Ва оё тудаи мардуме ҳаст ки зиндагии инсонворро напазираду орзӯи чунон рӯзгор доштанро накунад? Мутмаинам ки аксарияти аҳли башар хоҳони рӯзгори бошарофат аст. Бинобар ин хулоса кардан мумкин аст, ки пешрафти мо ба заковату ҳунари роҳбарону лидерони сиёсиамон вобастагии қавитаре дорад. Аммо дар тули ин қадар сол, ки таҳаввулоти зиёде рух дод, чаро сиёсати кадрии давлатдорони мо ҳамонаст, ки ҳамон? Дар тули ин бист сол ҳамон элитаи сиёсие ки дар як рӯз идеологияашро (комунистҳо демократ шуданд) дигар кард, идоракунада ва пешбарандаи ин миллатанд. Сиёсати кадрии давлатамон таҳаввулоти ҷиддиеро талаб мекунад. Зеро мардум имрӯз хоҳони дигаргунӣ ва тарафдори чеҳраҳои нави сиёсист, чун рӯзгори босаодат вобастаи раҳбарону нухбагони сиёсист. Наход дар миёни 8 миллиён нафар 18 вазир, 63 намояндаи халқ ва чанд додситону додгустари дӯстдори миллат набошад? Ба андешаи ман мутахассисони варзида ва ғамхори миллат дар соҳаи роҳбарикунӣ хеле зиёд ҳастанд. Фақат фурутаниву ҳиммати баланди он касоне лозим аст, ки ҷобаҷогузории кадрҳоро дар салоҳият доранд. Аз ҷойивазкунии зарбшавандаҳо ҳосил дигар мешуд, дар тули ин муддат, ки кам ҳам нест, шоҳидаш мешудем.
Маҳалгароиро ба миллатдӯстдорӣ, нифоқро ба тифоқ ва арзишҳои умумимилиро боло гузоштан аз арзишҳои хусусӣ пайроҳаест барои амалӣ намудани он кори хайр, ки аҷрашро дар ҳарду олам Худованд насиб мегардонад”.