Бахшҳо
16 дек 2014 08:10Тоҷикистон / Сиёсат

Кумитаи амният: Мамадбоқиров як корманди амниятро бо тапонча захмӣ кард

Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшони Куҳӣ бо нашри як изҳорот Мамадбоқир Мамадбоқиров, собиқ қумандони мухолифин дар Бадахшонро дар захмӣ кардани як корманди амниятӣ муттаҳам кардааст.

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, Мамадбоқир соати 14:00-и рӯзи 15 декабр дар маҳаллаи “Бархоруғ” “бо чанд нафар гуруҳи авбошон, бе иҷозати расмӣ ба объекти муҳими давлатӣ – шӯъбаи дар шаҳри Хоруғ будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашта, ба яке аз кормандони ин сохтор ҳуҷум кард ва бо истифода аз дастаи таппонча ӯро захмӣ намуд”.

Ба иттилои манбаъ, кормандони КДАМ Мамадбоқировро боздошт ва аз ӯ таппончаи тамғаи “ПМ”-и берақам бо 16 дона тир мусодира кардаанд. “Баъди суҳбати профилактикии сесоата, М.Мамадбоқиров бо таъкиди надоштани иҷозати тарки макони истиқомат озод карда шуд. Дар ин амалҳои ҷиноятӣ М.Мамадбокировро як гуруҳ ҷавонони шаҳри Хоруғ ҳамроҳӣ менамуданд. Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид ва тафтишот идома дорад”,-омадааст дар изҳорот.

Рӯзи гузашта як манбаи “Озодагон” гуфт, Мамадбоқиров дар пайи эътирози як гуруҳ сокинони Хоруғи боло алайҳи ифтитоҳи бинои шӯъбаи амнияти Хоруғ аз сӯи мақомоти амниятӣ дастгир шуд. Ба иттилои манбаъ, эътирозгарон гуфтаанд, шаҳри Хоруғ ба ин шӯъба ниёз надорад: “Онҳо инчунин пешниҳод кардаанд, ифтитоҳи шӯъба то омадани Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон, ки феълан дар Душанбе аст, ба таъхир андохта шавад”.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, аз собиқ фармондеҳони мухолифин дар Бадахшон мебошад, ки дар пайи сулҳи тоҷикон ба хидмати низомӣ ҷалб шудааст ва унвони полковникӣ низ дорад. Аммо мақомоти амниятии Тоҷикистон аз Боқиров ҳамчун “саркарда”-и гуруҳи ҷиноятпеша ном мебаранд, ки қаблан дар тиҷорату гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ ва куштору одамрабоиҳо муттаҳам мешуд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин Мамадбоқировро аз омилони асосии нооромиҳои чанд соли охир дар Бадахшон арзёбӣ мекунанд.
Мӯҳр
ИЛХОМИ
Мардум ба кушода шудани бинои амният чи кор доранд. ИН хамааш бахона аст, макомотхои кудрати хечиз, ки намегуед хубатон мекунанд.

Мамадбокирро касе боздошт накардааст. Вай худаш вориди КГБ шуд. Чаро ин кгб-хо худро кахрамон метарошанд? Ман худам аз Бархоруг астам, дидам. Тапонччашро хам аз тарс доданд. Ана кгбву мана кгб.

Ин хамааш барои пул аст. Маоши моро боз хам баланд бардоред, мо дар горячий точка гуфта амниятихо боз ин сценарияро ташкил карданд. Агар не, чаро боз Бокирро чавоб доданд?

Нет логики в этой информации. Если Мамадбокир сам вошел в здание КГБ, то почему в СМИ говорят о его задержание? Задержание происходить по инициативе и действия правоохранительных органов.

Кӯҳистонӣ
Тоҷикистон, Тоҷикистони солҳои 90-95 нест, хело ҳам бақувват шудагиай, охир Ғаффор Седой, Мирзо Ҷага ва дигарон тибқи Қонун ҷазо гирифтанд, наход, ки ба ҳамин як авбош Маҳмадбоқирай чи ай зӯри Ҳукумат нарасад, бас будагист, то кай номи бадхшониҳоро паст мезанад.

мебахшен меген хукумат ба кувват шидагиай хандам миея . Як бачаи хукумов миея мепаронатон мерава хичи гуфта наметонен бо ба кувватен хахха

Довар
Бачаи Хукумов хукумата хам беобру кард

Ҳақиқатгӯй
Рости гап мардум аз ин Маҳмадбоқиру вай баринҳо безор шуданд, наход ки Ҳукумат ин авбошонра яктарафа карда натвонад? Агар тавонад ҳар чӣ зудтар ҳами кора кунад ҳамон қадар беҳтар.

Ҳақиқатгӯй
Рости гап мардум аз ҳами Маҳмадбоқиру вай барин авбошон безор шудай, наход ки Ҳукумат онҳоро яктарафа накуна, ҳар чӣ тезтар ҷомеа аз инҳо халос шава, ҳамон қадар беҳтар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)