Узрхоҳии Валӣ барои “дуздӣ”: Баҳром Ғафурӣ мефаҳмад!
Валӣ сарояндаи маъруфи афғон, барои бозхонии бидуни иҷоза ва ишора ба муаллифи суруди “Духтари ҳамсоя бало”-и Баҳроми Ғаффурӣ, узрхоҳӣ кардааст.
Валӣ дар сафҳаи Фейсбуки худ аз ҳамтои тоҷикаш узрхоҳӣ намуда, таъкид кардааст, “мутаассифона дар клипи “Духтари ҳамсоя бало”, ки ман бозхонӣ кардаам, саҳве роҳ ёфтааст, ки ба ман гӯшрас карданд. Матни ин суруд аз ҷониби Баҳром Ғафурӣ навишта шудааст ва ман онро тағйиру такмил дода ва баъд бозхонӣ кардам.”
Валӣ дар зикр нашудани номи Баҳром Ғафурӣ дар клипи "Духтари ҳамсоя бало" студияи “Avang Music”-ро муттаҳам кардааст: “Ман барои ин саҳв мехоҳам аз дӯстам узр пурсам. Ин ҷо ягон хел беэҳтиромӣ нисбати ӯ нест ва ман муътақидам, Баҳром Ғафурӣ инро медонад.”
Дар ниҳоят сарояндаи афғон бори дигар ба ҳамкасби тоҷикаш изҳори миннатдорӣ карда, таъкид намудааст, ҳунари Баҳром Ғафуриро ҳама эътироф кардаанд.
Клипи таронаи “Духтари ҳамсоя бало” дар иҷрои Валӣ 5 декбари соли равон дар Ютуб нашр шуд. Беҳрӯз Зеваров, продюсери Баҳром ба “Озодагон” гуфт, Валӣ ин сурудро бидуни иҷоза бозхонӣ кардааст. Дар моҳи июни соли 2014 низ Валӣ таронаи “Дар ин замона”-и Баҳром Ғафуриро иҷро карда буд. Он вақт Беҳрӯз Зеваров гуфта буд, онҳо барои бидуни иҷоза бозхонӣ шудани тарона ба “VSP Group”, ки аз ҳуқуқи муаллифии тамоми овозхонҳои ҷаҳон ҳимоят мекунад, шикоят бурдаанд.
Баҳром Ғафурӣ, яке аз хонандаҳои муваффақи попи Тоҷикистон аст. Ӯ соли 2011 ва 2014 дар расми тақдими ҷоизаҳои Big Apple Music Awards-и Амрико ширкат намуда, бори аввал "Беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон" ва дафъаи дувум “Беҳтарин сарояндаи мард аз Тоҷикистон” шинохта шуд. "Муҳоҷирбача", "Модар", "Биё-биё", "Умри ман", "Чашми сиёҳ", "Шаробӣ" ва "Омадам" аз таронаҳои маъруфи Баҳроманд. Баҳром Ғафурӣ дар филми "Сукут"-и коргардон Cироҷиддини Ғафурӣ ҳам нақш бозидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |