Баҳси кӯмаки ҳарбӣ дар мулоқоти Раҳмон бо Бордюжа
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки бо сафари дурӯзаи корӣ дар Душанбе қарор дорад, масоили амнияти минтақавӣ аз ҷумла амнияти иттилоотиро баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот инчунин омодагиҳо ба иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки ба наздикӣ дар шаҳри Маскав дар назар аст, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ба иттилои манбаъ дар ҳамоиши Маскав раисӣ дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон мегузарад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, дар ҳамоиши Маскав баробари ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ, ҳарбию иқтисодӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ ва иттилоотӣ масъалаи кӯмаки фаврии техникӣ ба Тоҷикистон барои таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонистон мавзӯи меҳварӣ хоҳад буд.
Қаблан Бордюжа ба амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон дахл карда, афзуд, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон вуруди нерӯҳои рус ба сарҳади Тоҷикистон дар назар нест. Ӯ гуфт, низомиёни тоҷик тавони истодагарӣ дар баробари хатарҳои эҳтимолиро доранд ва бо кӯмаки кишварҳои узви СААД аз нигоҳи ҳарбӣ муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |