Муҳайё НОЗИМОВА
Фарангис НАБИЕВА
Вақтҳои охир шикоят аз болои Агентиҳои шахсии кортаъминкунӣ (АШК) зиёд шудааст. Агентиҳои хусусии кортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар, бахусус Федератсияи Русия, барои омода намудани ҳуҷҷатҳо ва бастани шартнома, аз корҷӯён - муҳоҷирони меҳнатӣ маблағи муайяне меситонанд. Пас аз омода шудани ҳуҷҷатҳо ва шартнома, муҳоҷири меҳнатӣ ба ҷойи кор фиристода мешавад. Ва дар бештар маврид ҳамаи мушкили ӯ пас аз рафтан ба маҳалли кор шурӯъ мегардад. Аммо агентие, ки муҳоҷири меҳнатиро гӯё “бо кор таъмин кардааст”, дигар бо ҳамин вазифаи худро анҷомёфта меҳисобад. Дар ин маврид аксарияти корҷӯён аз он шикоят мекунанд, ки агентиҳои хусусии кортаъминкунӣ “бо чормағзи пуч” домони онҳоро пур карда, ба Русия мефиристанд.
Тибқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии ҶТ, дар кишвар 41 корхонаи хусусии кортъаминкунӣ дар хориҷа дорои шаҳодатномаи фаъолият мебошанд. Аз ин адад корхонаҳои хусусии кортаъминкунӣ танҳо 12% фаъолияти доимӣ доранд, аз ҷумла Корхонаи воҳиди давлатии “Биржаи меҳнатии ҷавонон”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) “Муҳоҷир”, ҶДММ “Олами саёҳат” ва ҶДММ “Имон”. То ба имрӯз ба воситаи ин корхонаҳо 6789 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ва дар нимсолаи аввали соли 2014-ум 2168 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа ба кор таъмин гардидаанд. Дар сурате, ки тибқи иттилои ғайрирасмӣ, дар Русия беш аз як миллион муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ризқу рӯзии худро меёбанд. Дар ҳоле, ки шумораи зарардидагони агентиҳои кортаъминкунӣ аз миёни шаҳрвандони кишвар дар Русия рӯз то рӯз зиёд мешавад, аммо дар мавриди аз ҷониби АШК ба ФР барои кор равона шудани чӣ қадар муҳоҷири меҳнатӣ, ки баъдан бо сабаби пайдо накардани кор ба ватан баргаштаанд, маълумот дода намешавад.
Ҷамшед Каримов, ки аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд -2013”зарар дидааст, гуфт, ки то ба имрӯз наметавонад аз ин ширкат маблағи сарфнамудаашро баргардонад. Ба қавли Ҷамшед, моҳи апрели соли 2014 аз ҳафтаномаи «Рекламная газета» (акси 1) эълони бо ҷойи кор таъмин шудани шаҳрвандони кишварро дар Русия дида, бо умеди пайдо намудани кор ба ин ширкат муроҷиат мекунад:
- Ман аз “Рекламная газета” эълон пайдо кардам, ки барои кор шаҳрвандонро ба Русия мефиристад. Аз рӯйи рақамҳои додашуда занг задам. Онҳо маро даъват карданд. Дар аввал шарту шароити корро бароям хуб фаҳмониданд. Пеш аз ҳама маоши пешниҳодкардаи онҳо бароям писанд омад, ки аз 15 то 30 ҳазор рубли русӣ гуфта мешуд. Инчунин, ҷойи зист, хӯрду хӯрок ва бақайдгирӣ бепул, яъне аз ҳисоби худи корфармо буд. Ҳамаи инро фаҳмида, хостам тариқи ин ширкат дар Русия ҷойи кор пайдо кунам. Намояндаи ҶДММ «Бунёд-2013» шароити афсонавиро дар он ҷо бароям ваъда дода, гуфт, ки дар ҳолати бемор шуданам ё ягон зарари ҷисмонӣ бардоштанам, аз ҳисоби корфармо табобат мешавам. Яъне ба саломатии мо ширкати кордиҳанда ҶДММ «УПАКПРОМСЕРВИС» ҷавобгар хоҳад буд. Аммо дар асл ҳамаи ин афсона будааст,- гуфт Ҷамшед Каримов.
Тавре ҳамсӯҳбати мо иброз дошт, пеш аз сафар ба Русия шартнома ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки дар ширкати “Бунёд-2013” вобаста ба кор ба имзо расонидааст, аксбардорӣ кардааст, то дар ҳолати сар задани мушкилот онро ҳамчун далел пешниҳод намояд.
- Аз рӯйи шартномаи имзошуда ба шаҳри Маскав рафтем. Аз Тоҷикистон 7 нафар будем. Тақрибан баъди як соати интизорӣ дар фурудгоҳи Маскав як маршруткаи сиёҳшиша омада моро ба деҳаи Куликово бурд. Тибқи шартномаи имзошудаи ман ва ҶДММ «Бунёд-2013», бояд маро ба ҶДММ «УПАКПРОМСЕРВИС»-и шаҳри Дмитрови вилояти Маскав мебурданд ва онҷо кор мекардем. Аммо ману ҳамроҳонамро ба деҳаи Куликово бурданд ва гуфтанд, ки дар заминҳои калони кишт, дар ҳавои сард кор мекунем. Кордиҳанда моро дар як “оғилхона” ҷой кард, ки ягон шароити оддии истиқоматӣ надошт. Дар баробари ин, кордиҳанда гуфт, ки барои ҳар яки мо маблағи муайян, аз ҷумла барои чиптаи ҳавопаймо ва иҷозатномаи корӣ сарф кардааст ва мо бояд ин маблағро «отработать» кунем. Вақте гуфтем, ки мо аз ҳисоби худамон омадем, онҳо бовар накарданд, чун мутмаин буданд, ки аз пули онҳо омадаем. Баъдан онҳо аз мо талаб карданд, ки ҳамин гуфтаҳоямонро дар варақ нависем. Аз суханони онҳо маълум шуд, ки ба ширкати «Бунёд-2013» барои фиристодани коргарон пул равон мекардаанд. Вақте бисёр истодагарӣ кардем, ки дар замини кишт кор намекунем, онҳо аз мо талаб карданд, то маблағи сарфкардаашонро, ки 11 ҳазор рублро ташкил медиҳад, баргардонем. Мо 7 нафар маблағи гуфтаи онҳоро ҷамъ карда додем, то ҳуҷҷатҳои худро баргардонем. Пас аз гирифтани ҳуҷҷатҳо ман ба Маскав омада, зуд ба ватан баргаштам, дигарон барои ёфтани кор бар ҳар тараф рафтанд,- илова намуд Ҷамшед Каримов.
Аз рӯйи гуфтаҳои шикояткунанда маълум мегардад, ки ширкати хусусии кортаъминкунандаи “Бунёд 2013” баъд аз бозгашти ӯ ба Тоҷикистон ба додаш нарасидааст ва имрӯз Ҷамшед маҷбур шудаву ба суд муроҷиат кардааст, то маблағи сарфкардаашро, ки дар маҷмӯъ 7630 сомонӣ шудааст, бозпас бигирад.
Тавре Ҷашмед гуфт, барои истифода кардан аз хизматрасонии ширкати хусусии кортаъминкунӣ барои як муҳоҷири меҳнатӣ тақрибан ҳамин гуна маблағ сарф мешавад, ки ӯ барои ҶДММ “Бунёд-2013” масраф карда, аз ҷумла:
- барои хизматрасонӣ ба ҶДММ «Бунёд-2013» - 460 сомонӣ;
- хариди телефони мобилӣ - 170 сомонӣ;
- омодасозии шиносномаи биометрӣ - 750 сомонӣ;
- роҳкиро: хона - ҶДММ «Бунёд-2013» - хона - 50 сомонӣ; хона - Корвон - Кӯлоб - 100 сомонӣ; чиптаи Кӯлоб - Москва - 1500 сомонӣ;
- барои баргардонида гирифтани ҳуҷҷатҳо (шиноснома, корти муҳоҷират, талони ҷойи нишаст ба самти Кӯлоб - Москва) - 1550 сомонӣ;
- роҳкирои такси аз деҳаи Куликово ба шаҳри Москва - 500 сомонӣ;
- роҳкирои такси то фурудгоҳи Внуково - 210 сомонӣ;
- чиптаи Москва - Душанбе - 1340 сомонӣ.
Дигар масрафот - мутаносибан баробар бо асъори миллӣ 1000 сомонӣ (хариди либосҳои гарм, сумкаи калони варзишӣ ва ғайра; хароҷоти телефонии Душанбе-Куликово-Душанбе; Душанбе-Москва-Душанбе; Куликово-Москва-Куликово).
***
Тибқи талаботи муқарраршуда, дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ бо ду роҳ метавонанд қонунӣ кору фаъолият кунанд: тариқи квота ё патент.
Аз ин ҷо, табиист, ки вақте агентии шахсии кортаъминкунӣ шаҳрвандони кишварро ба хориҷа ба кор мефиристад, бояд 1-ум худи ширкат ва кордиҳанда дар ФР шартномаи дутарафа дошта бошанд. 2-юм шартнома миёни муҳоҷири меҳнатӣ ба ширкати тоҷикистонӣ ва шартномаи 3-юм миёни муҳоҷири меҳнатӣ ва кордиҳанда дар ФР. Дар мисоли Ҷамшед Каримов, шартнома танҳо миёни ӯ ва ширкати тоҷикистонӣ - “Бунёд-2013” дида мешаваду халос. Вақте оид ба шарҳи ин масъала ба директори генералии ҶДММ “Бунёд 2013” Мардонова Хайринисо муроҷиат кардем, чунин посух дод: “То квотаи кордиҳанда аз ҷониби Русия набошад, мо ягон нафарро барои кор фиристода наметавонем. Ман алҳол гуфта наметавонам, ки бо кадом ширкатҳои кордиҳандаи Русия фаъолият дорем, чунки мо ҳамаи онро ба Хадамоти муҳоҷират ҳисобот медиҳем. Гузашта аз ин, ҳар як ширкат сирри кори худро дорад. Ман ягон нусхаи шартномаи корҷӯ ва кордиҳандаро низ ба шумо пешниҳод карда наметавонам, чунки ин ҳам махфияти кори мо аст”. Вақте оид ба қазияи шаҳрванд Каримов Ҷ. аз Мардонова Х. пурсон шудем, иброз намуд, ки Ҷамшед Каримовро ҳамчун мутахассиси донандаи забони англисӣ барои кор ба Русия равон кардааст, аммо ӯ тоқат накарда, баъди чанд рӯз ба ватан баргаштааст.
- Кордиҳанда аз фурудгоҳ корҷӯёнро қабул карда, ба макони кор бурдааст ва шиносномаву корти муҳоҷирати онҳоро ба хотири дар қайди Хадамоти муҳоҷирати Русия мондан, гирифтааст. Аммо вақте корҷӯён эътироз мекунанд, кордиҳанда ҳуҷҷатҳои онҳоро баргардонида медиҳад. Хадамоти муҳоҷирати Русия барои ба қайд гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ 15 рӯз муайян кардааст. Агар ин корҷӯён 15 рӯз тоқат мекарданд, шартнома байни онҳо ва кордиҳанда баста мешуд,- гуфт Мардонова Х.
Аммо суоле ин ҷо ба миён меояд, ки мутахассиси забони англисӣ дар саҳро чӣ кореро анҷом дода метавонад? Ба суоли он ки “чаро вақте тибқи эълонҳо ба шумо занг зада, дар мавриди кор мепурсанд, шумо мегӯед, ки танҳо мардуми минтақа ба кор фиристода мешаванд?” Мардонова гуфт: “Дар Русия фермаҳое ҳастанд, ки мардуми деҳотро ба кор қабул мекунанд, ки гов ҷӯшида тавонанд. Боз ҷойҳое ҳастанд, ки мардуми шаҳрро қабул мекунанд. Аммо вақте анкетаи Ҷамшедро ба кордиҳанда пешниҳод кардам, ҳамон вақт гуфта буд, ки ин бачаи шаҳр асту ба кори сахт тоб оварда наметавонад...”.
Мутаассифона, Каримов Ҷ. ягона шаҳрванде нест, ки аз “лутфи кортаъминкунии” Мардонова Хайринисо зарар дида бошад. Манучеҳр Мақсудов, хабарнигори радиои “Имрӯз” ду сол қабл низ ҳамин гуна “приключения”-ро бо шарофати Мардонова Х. аз сар гузаронидааст. Аммо он вақт Мардонова директори ҶДММ “Маркази байналмилалии кардрии “Имон”” буд.
- Моҳи августи соли 2012 барои пайдо намудани ҷойи кори хуб ҳафтаномаи “Рекламная газета”-ро харидам. Аз он ҷо эълоне дарёфт намудам, ки бидуни номи ширкат навишта буд, ки муҳоҷиронро барои кор ба Русия мефиристад. Пас аз занг задан маълум шуд, ки ин ширкат “Имон” ном дорад. Директори ҳамонвақтаи он Хайринисо Мардонова буд. Ба ман чанд корро пешниҳод карданд ва баъдан яке аз корҳои пешниҳодшударо интихоб намуда, ҳуҷҷатҳои лозимаро омода намудам. Яъне кор дар яке аз шаҳрҳои Тотористон, бо маоши аз 15 то 30 ҳазор рубли русӣ буд. Баъдан мувофиқи шартномаи ширкат барои хизматрасонӣ 100 доллар пардохт намудам ва боз 50 сомонӣ барои ҳуҷҷатгузориҳо супоридам. Аз тамоми ташхиси бемориҳо гузаштам. Пасон чиптаи шаҳри Қазонро харидорӣ намудам,- қисса кард Манучеҳр.
Дар идомаи сӯҳбат Мақсудов М. гуфт, ки вақте чиптаро мехарад, ба Хоҷаев Маъруф, намояндаи Агентии машғулияти муҳоҷирон дар шаҳри Қазон дар тамос мешавад, аммо маълум мегардад, ки фирмаи ба ӯ пешниҳодшуда феълан ба коргар ниёз надорад.
- Ба ман дигар ҷойи корро дар ҳамон шаҳр пешниҳод карданд. Ин кор дар заводи фанеру мебелбарорӣ буд. Ҳамаи ин гуфтушунидҳои мо тариқи шифоҳӣ сурат гирифта, дар шартнома ин ҳарфҳо набуд. Вақте ба шаҳри Қазон расидам, ҳеҷ кас маро пешвоз нагирифт, ҳарчанд аз рӯйи гуфтаи ширкат, бояд маро пешвоз мегирифтанд. Баъдан занг задам, одамони Хоҷаев Маъруф омада, маро бурданд. Дар он завод ҳамагӣ 10 рӯз кор кардам, аз он ваъдаҳо асаре набуд. Яъне гуфта буданд, ки маоши хуб, ҷойи хоб, хӯрду хӯроки бепул аст. Аммо дар асл чунин набуд. Дигар чизе, ки сабаб шуд ман он ҷойро тарк кунам, ин маоши кам буд. Чун одамони чанд сол собиқаи коридошта аз 12 то 16 ҳазор рубл маош мегирифтанд. Ин ҳамаро дида, ба худи директори ширкати “Имон” Хайринисо Мардонова занг зада, гуфтам, аз он шароите, ки гуфтед, ягонтояш дида намешавад. Аммо Мардонова гуфт, ки “агар маъқул набошад, ба ягон ҷойи дигар равед,- илова кард Мақсудов М.
Соли 2013 вақте Манучеҳр ба Тоҷикистон бармегардад, кӯшиш мекунад, ки аз болои ширкати “Имон” шикоят карда, аз ҳуқуқҳои поймолшудаи худ ҳифз намояд. Аммо, ба қавли ӯ, бинобар дигар шудани дафтари кории ширкат наметавонад онҳоро пайдо кунад.
Доир ба ин ҳодиса низ Марднова Х. дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки “Мақсудов бояд тоқат мекард, то барояш ҳуҷҷатҳои лозимаро кордиҳанда омода мекард, аммо...”.
Дар доираи тадқиқоти журналистӣ кӯшиш намудем, ки ҶДММ “Имон”-ро пайдо намоем. Ба ин хотир, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои гирифтани маълумот дар бораи шумораи агентиҳои шахсии кортаъминкунӣ ва фаъолияти онҳо муроҷиат кардем. Дар посухи Н. Давлатзода - раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактуби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, таҳти №6882/6.1, аз 8-уми июни соли 2014 чунин омадааст: “Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дархости шумо маълумотҳоро аз феҳристи ягонаи давлатӣ нисбати шахсони ҳуқуқие, ки ба фаъолияти бокортаъминкунӣ машғул мебошад, пешниҳод мекунад. Дар феҳристи ягонаи давлатӣ 10 номгӯи агентиҳои бокортаъминкунӣ оварда шудааст, ки инҳо мебошанд: ҶДММ “ТАД ИМПЕКС”, ҶДММ “Бизнес солюшнс консалтинг групп”, КВД “Биржаи ҷавонон”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ “Дунёи дониш”, Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, ҶДММ “Сомонкор”, ҶДММ Агентии кадрҳо “Биржаи меҳнат”, ҶДММ “Ҷуръат”, ҶДММ “ПРОФСЕРВИС 2000”, ҶДММ“Маркази тиҷоратии София”.
Дар рӯйхати пешниҳоднамудаи Кумитаи андоз мо на ҶДММ “Бунёд-2013” ва на ҶДММ “Имон”-ро надидем. Аз ин рӯ, мактуби дуюмро равон намудем, то муайян намоем, ки чаро ин ду ширкат дар рӯйхат нестанд?
Дар ҷавоби дуюм ба мактуби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон таҳти № 8763/5.1, аз 29-уми августи соли 2014 аз ҷониби Н. Давлатзода - раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омодааст: “Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби шуморо аз 6 августи соли 2014 таҳти №45 мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад. Тибқи маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ҶДММ “Бунёд 2013” (РМА-010093255) аз ҷониби Нозироти андози ноҳияи Шоҳмансур санаи 13.08.2013 бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Садриддин Айнӣ 277/1 ба қайд гирифта шудааст.
ҶДММ “Имон” ҳамчун андозсупоранда дар мақомоти андоз ба қайд гирифта нашудааст ва дар махзани маълумотҳои Кумитаи андоз нисбати ҷамъияти мазкур маълумот мавҷуд намебошад...”.
***
Баъди ин, мо тасмим гирифтем, ки идораи ҶДММ “Имон”-ро мустақилона пайдо намоем. Дар асоси шикояти як муҳоҷири меҳнатӣ ба Ташкилоти ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон” аз болои ҶДММ “Имон” ба мо муяссар шуд, ки суроғаи ширкатро дар кӯчаи Айнӣ 7 пайдо намоем. Бояд гуфт, ин шаҳрванд ҳам яке аз ҷабридидаҳои ширкати хусусии кортаъминкунии ҶДММ “Имон”, ки ӯ ва боз 10 нафари дигарро дар Ростови лаби Дон “бо кор таъмин кардааст”, ба шумор меравад. Вақте бо муассиси ҶДММ “Имон” ҳамсӯҳбат шудем, дар аввал ӯ ҳайрон шуд, ки чӣ тавр мо дафтари кории онҳоро пайдо кардаем. Дар ҷараёни сӯҳбат ба мо маълум шуд, ки миёни муассис ва директори феълии ҶДММ “Имон” Шарипов Икром ва собиқ директори ин ширкат, акнун директори ҶДММ “Бунёд 2013” Мардонова Хайринисо моҷарое мавҷуд будааст, ки бо гузашти ду сол то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Тавре Шарипов Икром гуфт, азбаски тафтишот оид ба фаъолияти Мардонова дар ин ширкат идома дорад, наметавонад чизеро ифшо намояд: “Ман аз чизе тарс надорам, аммо сирри тафтишотро ба шумо гуфта наметавонам”.
Дар мавриди моҷарои худ бо Мардонова Х. Шарипов ҳаминро қайд намуд, ки аз сабаби дар сафарҳои хизматӣ буданаш Мардонова Х. аз мақоми кории худ истифода намуда, мардумро “фиреб”медодааст.
- Барои ин корҳояш Мардоноваро соли 2012 аз кор хориҷ кардам, вале то чанд вақти дигар аз Иқтибосе, ки Равзанаи ягона дода буд, номашро набаровардам. Аз болои ин зан 8 аризаи даъвогии шаҳрвандон омада буд. Ман аз кисаи худам пули он мардуми ҷабрдидаро додам. Дар мавриди баҳси мо ва Мардонова баъзе нозукиҳои дигар низ ҳаст, ки ба шумо журналистон дахл надорад,- дар идомаи сӯҳбаташ қайд кард Шарипов И.
Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз Мардонова ширкати шахсии худро ба қайд нагирифта, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии кишвар ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз 13-уми феврали соли 2014, таҳти рақами 35/111 мактуб ирсол шудааст, ки дар ҶДММ “Имон” (оид ба фаъолияти директории Мардонова Хайринисо) тафтишоти махсус вуҷуд дорад.
- Вале аз чӣ сабаб бошад, ки Хадамоти муҳоҷират дидаву дониста боз барои кушодани як агентии дигар ба Мардонова иҷозатнома (литсензия) додааст. Дар ҳоле, ки тафтишот идома дорад. Мо ин чизро ҳатто аз вазири меҳнат ҳам суол карда будем, ки барои чӣ Хадамоти муҳоҷират ин корро кардааст, аммо посух нагирифтем,- таъкид кард Шарипов.
Дар ҳамин асос, мо низ дар мактуби худ ба Хадамоти муҳоҷират суол гузоштем, ки “Тибқи иттилои директори ҶДММ “Имон” Шарипов Икром ба хадамоти шумо аз 13-уми феврали соли 2014, таҳти рақами 35/111 аз ВКД мактуби огоҳӣ оид ба фаъолияти ҶДММ “Маркази байналмилалии кадрии “Имон””, ҳангоми директори ин ширкат будани шаҳрванд Мардонова Хайринисо, равон шудааст. Оё тибқи қонун шумо ҳақ доштед ба нафаре, ки зери тафтишоти ВКД қарор дорад, барои фаъолияти равон намудани шаҳрвандони кишвар ба хориҷа иҷозатнома диҳед?”, аммо, мутаассифона ба ин суоли худ аз масъулин посух нагирифтем.
Оид ба суоли “чаро дар Кумитаи андоз дар бораи ҶДММ “Имон” маълумот нест?”, Шарипов И. муҳосиби худро даъват намуда, суоли моро аз ӯ пурсид, ки посух чунин шуд: “Мо дар нозироти андози ноҳияи Шоҳмансур андоз месупорем ва аз Кумитаи андоз ҳар касе ба шумо гуфтааст, ки чунин ширкат вуҷуд надорад, худаш ҷавобгар аст, на мо...”.
Суоле ба миён меояд, ки дар ин маврид гуноҳи кист: Кумитаи андоз ё ҶДММ “Имон”?
***
Дар мавриди фаъолияти Мардонова Х. дар ҶДММ “Имон” аз худи ӯ пурсон шудем, ки чунин гуфт: “Бале, дар “Имон” кор мекардам. Вақте муассиси он хост ба ҷойи ман одами худашро ба кор орад, аз онҷо рафтам. Дар мавриди огоҳиномаи ВКД ягон хабар надорам. Он чи ки вобаста ба азхудкунии маблағҳои мардум дар ширкати “Имон” аст, ҳамаи он маблағҳо пеш аз ҳама дар китоби воридотии корхона дарҷ шуда, ҳуҷҷатгузорӣ мешуданд. Чӣ гуна аз худ мекардам? Он ширкате, ки имрӯз Шарипов аз худ мешуморад, ман бо маблағи худам таъсис дода будам. Вақте фаҳмид, ки ширкат ном баровард, маро аз ширкат бароварда пеш кард”.
Вақте ки ширкатҳо миёни худ моҷаро доранд, оё метавонанд боиси боварӣ бошанд? Аз ин рӯ, мо шартномаҳои ин ду ширкатро барои таҳлили ҳуқуқӣ ба ҳуқуқшинос супоридем. Тибқи таҳлили адвокати ваколатдор Сергей Романов маълум шуд, ки шартномаҳои ин ду ширкат якранг буда, дар онҳо танҳо вазифаҳои муҳоҷири меҳнатӣ муайян шуда, оид ба вазифа ва ӯҳдадориҳои ширкатҳо чизе нест.
Дигар чизи муҳиме, ки дар ин шартномаҳо дида намешуд, ин сарфи назар кардани забони давлатӣ буд, ки мувофиқи моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” - “ширкатҳои кортаъминкунӣ, ки дар ҳудуди ҶТ фаъолият мекунанд, бояд бо забонӣ давлатӣ амал кунанд”. Барои вайрон намудани ин қонун ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Дар банди 2.14 шартномаи Каримов Ҷ. бо ҶДММ “Бунёд 2013” омадааст, ки ширкат онҳоро бо “Дастгирии иттилоотӣ” таъмин мекунад, аммо маълум нест, ки ин чӣ гуна иттилоот аст ва ширкат онро барои муҳоҷир чӣ тавр таъмин мекунад?
Дар банди 4.1 маблағи шартнома аниқ дарҷ нашудааст, аммо 07% маблағ ишора шудааст. Пас, он аз кадом маблағи ба даст овардашуда муайян карда мешавад? Дар банди 4.2 шартнома омадааст, ки дар сурати пайдо накардани ҷойи кор аз ҷониби Иҷрочӣ барои корҷӯ 25% маблағ, яъне 112,5 сомонӣ ба фоидаи ӯ меравад. Суол: барои чӣ ин маблағ аз ҳисоби пули супурдаи корҷӯ (460 сомонӣ) гирифта мешавад?
Аз ҳама аҷибаш дар шартнома бандҳои 3.6; 3.7 ва 3.8 тамоман вуҷуд надоранд, аммо дар бораи онҳо дар бандҳои дигар зирк шудааст.
Банди 5.3, дар бахши «5 а»гуфта шудааст, ки корманд бояд муддати се моҳ ба таври зарурӣ кор кунад, аммо дар кадом асос? Ин ҷо нишонаҳои меҳнати маҷбурӣ дида мешавад ва мавриди зикр аст, ки меҳнати маҷбурӣ ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон, инчунин тибқи банди 3-и моддаи 8-и Пакти байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ манъ аст.
Инчунин ҷавобгарӣ дар шартнома зикр нашудааст, яъне дар ҳолати ба миён омадани баҳси судӣ ҳалли масъала дар кадом кишвар сурат мегирад?
Дигар масъалаи муҳиме, ки дар мавриди фаъолияти ҶДММ “Бунёд-2013” боиси зикр аст, ин суроғаҳои ширкат дар шаҳри Душанбе аст. Иқтибос аз Равзанаи ягона - суроғаи агентӣ кӯчаи Айнӣ 177/1 нишон медиҳад (акси 3), дар шартномаи ширкат бо муҳоҷири меҳнатӣ - кӯчаи Рӯдакӣ 6А, дар хабарномаи ВКД ба Мардонова Х. ва Каримов Ҷ. суроғаи Мардонова Х. - кӯчаи Айнӣ 127 ва дар аризаи Мардонова ба Суди ноҳияи Шоҳмансур номбурда суроғаи худро кӯчаи Карамов 9 дарҷ карда, билохира дар варақаи фирмавии ҶДММ “Бунёд -2013” суроғаи он кӯчаи Рӯдакӣ 11-3 омадааст (акси 4).
***
Баъди ин гуна таҳлили ҳуқуқшинос барои пайдо кардани ширкати хусусии кортаъминкунӣ, ки ба ҳамаи талабот ҷавобгӯ бошад, камар бастем.
Дар натиҷа бо Ҷамшед Воҳидов директори ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мусоидати ҳуқуқӣ” вохӯрдем, ки дар раванди сӯҳбат ба мо пеш аз ҳама шартномаи ташкилоти худро бо субъекти хоҷагидорӣ аз ФР нишон дода, гуфт: “Ман дар Федератсияи Русия танҳо бо он ташкилотҳои саҳомӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятие кор мекунам, ки пеш аз ҳама квота дошта бошанд ва пас аз он худам шахсан рафта онҳоро мебинаму месанҷам, то баъди муҳоҷири меҳнатиро ба он ҷо фиристодан мушкиле пеш наояд”.
Дар идомаи сӯҳбат Ҷамшед Воҳидов ба мо намунаи шартнома миёни ташкилоти ӯ ва муҳоҷири меҳнатӣ (ба ду забон: русӣ ва тоҷикӣ), инчунин намунаи шартнома миёни муҳоҷири меҳнатӣ ва корфармо аз Русия (ба забони русӣ)-ро нишон дода, онҳоро барои омӯзиш ба ихтиёри мо гузошт.
Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё ташкилоти ҷамъиятӣ ҳуқуқи ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул шудан дорад ё не?
- Тибқи моддаҳои 24 ва 27-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ” ин намуд фаъолияти иқтисодиро ба ташкилотҳо пурра иҷозат додаанд,- гуфт Ҷ. Воҳидов ва дар идома афзуд:- Оинномаи ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мусоидати ҳуқуқӣ” низ дар асоси ҳамин қонун омода шуда ва ташкилот дорои “Литсензия” низ ҳаст. Нисбати ба даст овардан ва масраф намудани маблағҳои воридгашта, ташкилот танҳо ба Кумитаи андоз ва дигар ташкилотҳои давлатие, ки назорат аз болои фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятиро тибқи қонунгузорӣ ба зимма доранд, ҳисобот медиҳад.
***
Тадқиқоти журналистӣ муайян намуд, ки аз се агентии шахсии кортаъмикунӣ танҳо яктои он бо кордиҳанда дар Федератсияи Русия шартнома дорад.
Суолҳое, ки дар се мактуби мо (санаҳои 8.06.2014, 29.08.2014 ва 12.11.2014) ба Хадамоти муҳоҷират бе ҷавоб монданд:
Аз кадом сол ба қайди агнетиҳои кортаъминкунии шахсӣ шурӯъ кардед?
То чӣ андоза фаъолияти ин агентиҳо аз ҷониби мақомоти қудратӣ назорат карда мешаванд?
Шумо дар як сол чанд маротиба, ё сари чанд вақт кори ҳамаи агентиҳоеро, ки иҷозатнома додаед, тафтиш мекунед? Ва натиҷаи ин тафтишоти шумо чӣ мешавад?
Дар ҳолати посух додани масъулин ба ин суолҳо хонандаи мо низ маълумоти заруриро ба даст меовард, аммо...
***
Ба гуфтаи бархе аз соҳибназарон, фаъолияти агентиҳои кортаъминкунӣ дар шароити имрӯза ба тиҷорати бузург мубаддал шудааст. Шояд пушти ин агентиҳои кортаъминкунанда шахсони манфиатдор нишастаанд, ки на танҳо оид ба фаъолияти онҳо маълумоти аниқро пешниҳод намекунанд, балки вазифаҳои бевоситаи худро, ки тафтиши ин гуна агентиҳост, сари вақт анҷом намедиҳанд.
Бинобар ин хунукназарии масъулин муҳоҷирони меҳнатӣ бе ҷойи кор дар нимароҳ мондаву ҳатто маблағи сарфнамудаашонро баргардонида наметавонанд. Тадқиқоти журналистӣ нишон дод, ки айни замон нафароне, ки ба ин ҳолат гирифторанд, кам нестанд. Вале фаъолияти агентиҳои шахсии кортаъминкунӣ ҳамоно побарҷост ва қонуни ягонае, ки фаъолияти ин агентиҳоро танзим кунад, то ба имрӯз ба тасвиб нарасидааст.
Нурмаҳмад Халилов, директори ташкилоти ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон” гуфт, новобаста аз он, ки дар Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрӣ барои танзими раванди кортаъминкунии шаҳрвадони кишвар дар хориҷа қабул шудаанд, аммо то ба имрӯз мардум тариқи шабакаҳои ғайрирасмӣ, аз ҷумла хешу табор ва дӯстон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, ки дар натиҷа ҳуқуқҳои онҳо поймол мешавад.
- Яке аз сабабҳое, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба мушкилоти нақзи ҳуқуқ дучор мешаванд, набудани механизми дурусти кортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар аст. Табиист, ки давлат бояд ҳама гуна чораҳоро барои кам намудани хатар аз муҳоҷирати меҳнатӣ коркард намояд. Яке аз чунин механизмҳо тасвиби Қонун “Дар бораи агентиҳои шахсии кортаъминкунӣ” аст,- гуфт Н. Халилов.
Нурмаҳмад Халилов яке аз он коршиносонест, ки дар гурӯҳи корӣ ҳангоми баррасӣ ва коркарди тарҳи Қонун “Оид ба агентиҳои шахсии кортаъминкунӣ” шомил буд. Ба андешаи ҳамсӯҳбати мо, қабули ин қонун муҳим аст, аммо суол ин аст, ки шакли охирини он чӣ гуна буда ва то чӣ андоза он ба меёърҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ хоҳад буд.
- Тарҳи қонуни мазкур аз соли 2011 коркард шуда истодааст, аммо то ҳол он дорои норасоиҳо аст. Аз ҷумла, ҳарчанд Тоҷикистон Конвенсияи №181-и “Ташкилоти байналхалқии муҳоҷират”-ро (ТБМ), ки дорои талаботи муҳим оид ба фаъолияти агентиҳои шахсии кортаъминкунӣ ҳангоми хизматрасонӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ аст, қабул накардааст, вале ҳамчун узви ТБМ ҳангоми коркарди тарҳи қонун “Дар бораи агентиҳои шахсии кортаъминкунӣ” бояд ба таври ҳатмӣ ба меъёрҳои ин Конвенсия диққат дода, онҳоро дар қонун ҷо намояд,- таъкид кард Н. Халилов.
Ба қавли коршинос, Қонун “Дар бораи агентиҳои шахсии кортаъминкунӣ” бояд пурра ба ҳифзи муҳоҷирони меҳнатӣ равона шавад: “Аз ҷумла АШК-ҳо набояд аз муҳоҷирони меҳнатӣ барои хизматрасонӣ ягон гуна маблағ ситонанд, чунки, бинобар таҳлилҳои охир оид ба фаъолияти ин гуна агентиҳо, ба ғуломӣ афтодани муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд ба чашм мерасад”.
Аз таҳлили Халилов бармеояд, ки ҳарчанд тарҳи Қонун “Дар бораи агентиҳои шахси кортаъминкунӣ” муддати се сол мавриди баррасӣ қарор дорад, аммо ҳоло ҳам ниёз ба коркард дорад.
- Тарҳи қонуни мазкур зарурат ба коркарди ҷиддӣ дорад, чунки дар мадди аввал он бояд барои ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, тариқи кам кардани оқибатҳои манфӣ ва танзими кортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, равона шуда бошад,- гуфт Н. Халилов.
***
- Оид ба зараре молие, ки бо гуноҳи Мардонова ба ман расидааст, гуфтам, аммо он азоби рӯҳие, ки кашидам, гуфтан ғайриимкон аст. Дар натиҷаи муносибати бевиҷдононаи роҳбарияти «Бунёд-2013» ман ба кори интизорбудаам ноил нагаштам ва бинобар ин, муддати 3 моҳ бекор ва бе сарчашмаи даромади зиндагӣ мондам. Аз ин ҳаракатҳои Мардонова оид ба ҳолати ман дар Русия модарам низ зарари моливу равонӣ дидааст…,- гуфт Ҷамшед дар фарҷоми сӯҳбат.