Бахшҳо
15 дек 2014 12:18Тоҷикистон / Сиёсат

Барканорӣ ва вазифаҳои нави Раҳмонов, Салимов ва Назарзода

Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон бо як фармон Абдуҷаббор Раҳмоновро, ки ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба номи Садриддин Айнӣ буд, ёрдамчии худ дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин кард. Оқои Раҳмонов дар ин вазифа Фаттоҳзода Саидмурод Самадро иваз намуд.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Носир Салимов, раиси китобхонаи миллӣ ба ҷои Абдуҷаббор Раҳмонов ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ таъин шуд. Сайфиддин Назарзода бошад акнун ба курсии раҳбари "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" такя мезанад.

ШАРҲИ ҲОЛ


Абдуҷаббор Раҳмонов 15 марти соли 1959 дар деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1978 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И. Ленин (ҳоло - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1983 онро бо баҳои аъло хатм мекунад. Баъдан дар ҳамон ҷо ба сифати ассисенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик ба кор оғоз менамояд.

Солҳои 1985-1987 дар Афғонистон адои вазифа намуда, ноябри соли 1987 ба аспирантура дохил мешавад ва соли 1991 дар мавзӯи «Консепсияи замон дар насри солҳои 70-80-уми тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Пас аз дифои рисола аввал, ба сифати ассистент, баъдан ба сифати саромӯзгор ва дотсенти кафедраи фавқуззикр адои вазифа намуда, як қатор мақолаҳои илмӣ ва методӣ дар мавзӯъҳои мухталифи адабиёт таҳия ва нашр намудааст.

Аз соли 1995 то соли 1999 ба сифати мудири шӯъбаи таълими Донишгоҳи мазкур кор намуда, баъдан ба хотири ба анҷом расонидани рисолаи докторӣ ба рухсатии эҷодӣ баромада, соли 1999 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷики нимаи аввали асри ХХ» дар Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон дифоъ намудааст.

Соли 2004 ба сифати раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2005 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Аз моҳи марти соли 2005 то моҳи январи соли 2012 ба сифати вазири маориф кору фаъолият намуда, аз январи соли 2012 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ буд.
Мӯҳр
Абдуҷаббор Раҳмонов ба хама кор арзанда аст, барои давлат аз тахти дил хизмат кард ва мекунад. Барори кор мутхтарам устоди гироми. Сарври давлат дар интихоби ин шах хатто накард.

Нуриддин Саидов дар мукоиса ба Абдуаббор Рахмонов камаш 10 зина бофархангу амалкор аст.

Муборак бошад устоди азиз!!! Устоди мо, ки аз у дарси садокату ватандори ва чавонмардиву озодандеширо омухтаем ба ин вазифаи масъулиятноки давлати арзанда хастанд. Чаноби олии мо низ гавх,аршиносанд. К,адри зар заргар бидонад, к,адри чавх,ар, чавх,ари...

чинди
аз Конуни чт "Дар бораи каблуку иринка" махрум шудем....
Донишчуёни ддот аз пардохти чарима бар ивази нб озод шуданд.Хайрият ин рафт аз вазифа,вагарана....

Шахсе, ки донишгох ба донишгох гашта телефонхои мобилии донишчуенро бо пояш зада мешикаст имруз ёвари сардори давлат?

rektor
Meguyand ki sad dono boshi az yak nodon purs. Sarvari davlat ba hamin hotyr inro giriftaast

Устод Абдучаббор Рахмонов яке аз родмардони чонсупори миллат аст ва хар як даккикаи умри бобаракаташ танхо ва танхо барои миллат аст.


Ба хама махлум аст, ки баъзе фаъолиятхои Рахмонов ба мухбирон (махсусан онхое, ки аз диктанд ду гирифтанд ва чи хеле,ки мебинед холо маколахои пучу холи хисоб ва то хатто сохиб надоранд) маъкул нест. Новобаста, аз ин ман ин шахсро яке аз мутахассисони бехтарин мешурам. Зеро ягона мутахассисе мебошад,ки новобаста аз баъзе камбудихо дар соха ислохотхои гуногунро пешниход мекунад. Кор низ бе камбуди низ намешавад. Барои хамин ба Шумо барори кор ва муваккият орзумандам. Бигзор сафи чунин шахсоне, ки ислохотгар хастанд зиёд бошанд.

Чавоб ба Саид,


Якумаш аз номи дигарон харф задан ин кори мардон нест.


Дар баробари ин, фарханги бахо медодаги набояд аз руи маърифати шахсии худат арзёби гардад. Зеро навистани худат алакай фарханги худатро бахо дод, то чи гуна фикру худат заминаи вокеи дорад ин дар гумон аст (Зеро аз руи фарханги худат маълум, ки хатто дар навистани ном ба хаттоги рох дадаи? (Номи ин шахс Абдуаббор нею, Абдучаббор аст). Пас гуш кардани гапхои хушку холии худати мантик ва хоччат надорад).

Худ казоват баред... Агар ин шахс ёвари президент шавад, пас кихо холо ончо хастанд.... Вой дод!!! )))

Сад афсуси Дастгохи Президент бо омади Абдучаббор Рахмонов. Бе чарх мемонад. Бо иринка ба пеш меравад.

Калвин
Абдучаббор дар киёс ба дигар зиёни Точик сохиби часорат ва акидаи нав аст, У бархак реформатор аст.

мамнун
акидаи нав ин яънеки чарима барои донишгох наомадан бо ягон кори зарури ваё каблуки 7см барои донишчу дахтарон. дар давоми 7сол коре кард дар сохаи маориф мо ягон чиз ихтироъ кардем шояд ба призидент ягон маслихати хуб тияд вале

Дустон
Вокеан мо устод Абдучаббор Рахмоновро хануз аз солхои донишчуияшон дар Донишгохи милли мешиносем. Бо тамоми хастияшон саъю эхтимом менамоянд, ки барои халки хеш ва Ватанашон хидмат намоянд. Мо дар курси панчум аз эшон, ки форигутахсили донишгох шуда буданд дарс омухтаем. Аз ин дидгох мехохем матлаберо мухтасар рочеъ ба шахсияташон ироа намоем. Устод шахсе махсуб меебанд, ки бо тамоми хастиашон фидокоранд. Хангоме ки дар донишшох муаллим буданд серталаб кавиирода ва поксириштона нисбат ба донишчуен рафтор мекарданд... Ногуфта намонад, ки тагйироти куллие, ки бо такозои замони муосир дар низоми маориф ба вукуъ пайваст бо номи ин донишманди фархехта зич алокаманд аст. Дар мавриди дигар пахлухои фаъолияти муаллими арчманд А.Рахмонов суханхои нек зиеданд, аммо бо чанд чумла мо ба ин гуфтахо хотима мебахшем... Интихоби Чаноби Оли Эмомали Рахмон дар вокеияти асли шоистаи тахсин аст. Эшон ба сифати евари Раиси чумхури кишвар метавонад хидмати бештаре ба нафъи давлату миллат намояд. Барояшон дар ин кори пурифтихору захматалаб комебихои беназир орзу менамоем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)