Бахшҳо
15 дек 2014 11:01Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Иттилои носаҳеҳи мақомоти рус дар бораи ҷанги ду тоҷик ва фуруди изтирории тайёра

Расонаҳои русӣ навиштаанд, ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии”, ки аз Калининград ба Тошканд парвоз мекардааст, дар пайи низои ду тоҷик дар Самара фуруд омадааст.

Торнамои “Газета.ру” менависад, як шаҳрванди Тоҷикистон талош кардааст, ҳамватани сархуши худро ором созад, аммо миёнашон низоъ бархостааст. Дар натиҷа сарнишинон ҳавопайморо дар Самара нишонда, ин ду нафарро аз он берун кардаанд. Тайёра аз вақти муқаррарӣ 1 соату 50 дақиқа дертар ба Тошканд расидааст. Манбаъ менависад, ҳар ду шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор дошта ва тавассути ин хатсайр мебоист ба Ватан депорт мешуданд. Расонаҳои русӣ дар ҳоле ин ду нафарро "тоҷик" муаррифӣ мекунанд, ки бино ба иттилои дарёфтӣ онҳо шаҳрванди Узбакистонанд. Хабаргузории ТАСС ҳам бо такя ба иттилои Хадамоти амниятии Русия гуфтааст, боздоштшудаҳо шаҳрвандони Узбакистон будаанд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, иттилои носаҳеҳро намояндагони пулис паҳн кардаанд.
Мӯҳр
Dev
O nameshavad ochai zori hamun rasonahoro ba chashmashon nishon dihem? 2 mln.aropbakashu 1 hukumati begam fakat dar gami shikami hud na parvoi millat doradu na parvoi obrui millat.Konun hast,az rui konun onhoro boyad ba sud dod.charo nomi millati moro past mezanand.Fikr namekunam ruho hama alakaj mast boshand.

Ин иттилои носаҳеҳ нест, балки як амали тарҳкашидашуда ва иғвоангез алайҳи тоҷикон ва ба хотири бадномкунии тоҷикон аст. Ин кор дар Русия аз ҷониби гуруҳҳои муайян ҳамеша амалӣ мешавад ва касеро кор нест. Ҳар гуҳхурие, ки дигарон дар ин кишвар мекунанд, ба сари тоҷикони шурбахти бекасу ғариб бор мекунанд. Ҳайф, ки ҳама шатта мезананд ва мо наметавонем, ки аз худ дифоъ кунем.

arzhang, Бародар бехтарин посух ба чунин рафтори антиточиконаву нодустонаи "дустони стратегии" мо ин бехтар намудани сатхи зиндагии шахрвандони мо дар Точикистон аст. Агар хар яки мо масъулияти бунёду созишмандиро дар худ бедор намоем, иншоОллох ватанро ба по мехезонем ва хамаи мардикорони худро аз гариби ба назди оилаашон бар мегардонем ва дигар бигузор ягон "козёл отпущения"-и нав ба худ ёбанд. Ободии ватан, тараккиёт, дастрасии чои кор, маоши расо, масъулият ва зиндагии ором бояд, баробари дар назди конун бояд шиори чамъияти мо бошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)