ВИДЕО: Боз як таронаи Баҳром дар иҷрои Валӣ
Валӣ (Valy), хонандаи афғон боз як таронаи овозхони шинохтаи тоҷик - Баҳром Ғафуриро бозхонӣ кардааст.
Клипи таронаи “Духтари ҳамсоя бало” дар иҷрои Валӣ 5 декбари соли равон дар Ютуб нашр шуд. Беҳрӯз Зеваров, продюсери Баҳром ба “Озодагон” гуфт, Валӣ ин сурудро бидуни иҷоза бозхонӣ кардааст.
Дар моҳи июни соли 2014 низ Валӣ таронаи “Дар ин замона”-и Баҳром Ғафуриро иҷро карда буд. Он вақт Беҳрӯз Зеваров гуфта буд, онҳо барои бидуни иҷоза бозхонӣ шудани тарона ба “VSP Group”, ки аз ҳуқуқи муаллифии тамоми овозхонҳои ҷаҳон ҳимоят мекунад, шикоят бурдаанд.
Баҳром Ғафурӣ, яке аз хонандаҳои муваффақи попи Тоҷикистон аст. Ӯ соли 2011 ва 2014 дар расми тақдими ҷоизаҳои Big Apple Music Awards-и Амрико ширкат намуда, бори аввал "Беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон" ва дафъаи дувум “Беҳтарин сарояндаи мард аз Тоҷикистон” шинохта шуд. "Муҳоҷирбача", "Модар", "Биё-биё", "Умри ман", "Чашми сиёҳ", "Шаробӣ" ва "Омадам" аз таронаҳои маъруфи Баҳроманд. Баҳром Ғафурӣ дар филми "Сукут"-и коргардон Cироҷиддини Ғафурӣ ҳам нақш бозидааст."Духтари ҳамсоя"-и Валӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |