Президент: Аз номам дар интихобот сӯиистифодаю таъриф накунед

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки имрӯз, 13-уми декабр дар анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ боз раиси ин ҳизб интихоб шуд, аз тобеинаш хостааст, дар интихобот аз номи ӯ сӯиистифода накунанд.
Тибқи иттилои Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки дар арафаи интихобот аз тавсифу таърифҳои барзиёди ӯ худдорӣ карда шавад. Ӯ таъкид намудааст, ки дар интихоботи парлумонӣ ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ бояд шароити баробар фароҳам шавад ва ба ягон номзад набояд имтиёзе дода шавад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон махсусан таъкид намудааст, ки аз тақаллубкориҳо ҷилавгирӣ гардад, то интихоботи соли 2015 дар кишвар шаффофу демократӣ баргузор шавад. Ӯ аз аъзои ҳизби ҳоким хостааст, таваҷҷуҳашонро махсусан ба қонуншиканиҳои мақомоти маҳаллӣ ва гароиши ҷавонон ба ифротгароӣ зоҳир кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи муҳоҷирон низ дахл карда, аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки чораандешиҳо барои кам намудани муҳоҷирати меҳнатӣ аз кишвар муассир нестанд. Ӯ супориш додааст, то ҳар чӣ бештар дар дохили кишвар ҷойҳои корӣ муҳайё гарданду муҳоҷирон дар Ватан бо кор таъмин бошанд.
Ин дар ҳолест, ки зимни анҷумани пешазинтихоботӣ муовинони Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳизб иваз шуданд. Аз ҷумла Сафар Сафаров, ки то ҳол муовини якуми Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон буд, ба нафақа фиристода шуда, ба ҷои ӯ Саидмурод Фаттоев таъин гардид. Саидмурод Фаттоев то ҳол ёвари президент оид ба масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд. Манбаъ афзуд, ки ичунин Раъно Бобоҷониён ва Латифзода Асрор, муовинони нави Эмомалӣ Раҳмон дар ҲХДТ интихоб гардиданд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди фаъолияти ҲХДТ илова кардааст, ки “Ҳизби мо ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи ҳамин аст, ки намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи ин ҳизб мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, зимни Анҷуман зикр гардид, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 4 ҳазор ташкилоти ибтидоӣ қариб 250 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид кардааст ва шумораи хоҳишмандони дохилшавӣ ба сафи ҳизб торафт афзоиш дорад.
Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон 1-уми март ва интихоби аъзои Маҷлиси Миллӣ 27-уми марти соли 2015 таъин шудаанд. Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо раёсат ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйппурсӣ таъкид дошт, ки интихобот бояд бо риояи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ва меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба таври шаффофу демократӣ ба роҳ монда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |