Таҷлили мавлуди пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар Тоҷикистон
Исмоилиёни ҷаҳон, аз ҷумла исмоилиёни Тоҷикистон имрӯз, 13 декабр 78-умин солгарди мавлуди пешвои руҳонияшон, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони 4, имоми 49-уми худро таҷлил мекунанд.
Пайравони мазҳаби Исмоилия, ки теъдодашон дар Тоҷикистон аз 200 ҳазор нафар зиёд асту аксарашон муқими вилояти Бадахшонанд, дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки дар рӯзи мавлуди Имоми Замон, одатан дар сатҳи маҳалҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ гузаронда мешаванд.
Оқохони чаҳорум, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, 13 декабри соли 1936 дар Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон зода шудааст. Дорои дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи Рушди Оқохон» (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони саввум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд. Оқохони чаҳорум чиҳилу нӯҳумин имоми исмоилиёни низорӣ ба шумор меравад.
Ҳоло дар Тоҷикистон дусад ҳазор пайрави исмоилия ба сар мебаранд, ки аксари онҳо муқими Бадахшони Тоҷикистонанд. Нахустин ва бузургтарин маркази фарҳангии исмоилиҳо дар маркази шаҳри Душанбе чор соли пеш мавриди истифода қарор гирифт, ки айни ҳол яке аз маконҳои баргузории чорабиниҳои гунонуни фарҳангӣ-маърифатӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |