Қаршибоев раиси нави Шӯрои ВАО интихоб шуд
Нуриддин Қаршибоев имрӯз, 12-уми декабр дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО ба ҳайси раиси нави ин созмон интихоб шуд.
Қаршибоев, ки ҳамчунин раҳбарии Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ)-ро ба уҳда дорад, аз ҷониби аъзои раёсати Шӯро, ки 9 нафарро ташкил медиҳанд, интихоб шудааст.
То ҳол раҳбарии Шӯрои ВАО-ро Қироншоҳ Шарифзода ба уҳда дошт. Тибқи оинномаи Шӯро раиси он бояд ҳар сол аз нав интихоб карда шавад.
Хабарнигори “Озодагон”, ки дар ин ҷаласа иштирок дошт, хабар дод, ки имрӯз, 12-уми декабр ба раёсати Шӯро дар баробари Қаршибоев инчунин ду узви нави дигар-Мухтор Боқизода ва Мусо Асозода тариқи овоздиҳии вакилон қабул гардиданд. Ба ҳайати вакилон аз ҳар расона як намоянда ворид буда, дар маҷмуъ 40 нафарро ташкил медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |