Зуҳуров ба Фағонӣ: Нақши Эрон ҳамчун миёнҷӣ дар истиқрори сулҳи тоҷикон арзишманд аст
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Тоҷикистон ва Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанбе рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намудаанд.
Тавре Муҳамадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба “Озодагон” иттиллоъ дод, дар дидори Шукурҷон Зуҳуров ва Ҳуҷҷатулло Фағонӣ масоили тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии ҷумҳурии исломии Эрон баррасӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, “Шукурҷон Зуҳуров ба дипломати эронӣ дар бораи фаъолияти парлумони Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, таъкид намуд, заминаи ҳуқуқӣ ва қонунии тамоми пешрафтҳои иқтисодиву сиёсие, ки дар кишвар тайи солҳои охир ба вуҷуд омадаанд, тавассути вакилони Маҷлиси намояндагон фароҳам оварда шудааст”.
Ба гуфтаи Зуҳуров мардуми Тоҷикистон ёриву дастгирии эрониёнро дар бахшҳои гуногуни фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистон фаромӯш нахоҳанд кард: “Бори дигар ёдовар шудан бамаврид аст, ки баъди ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон равобити ҳамаҷонибаи миёни давлатҳоямон бештар густариш ёфт. Эрон аз нахустин кишварҳоест, ки Тоҷикистонро соли 1992 ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Нақши Эрон ҳамчун миёнҷӣ дар бунёд ва истиқрори сулҳу ваҳдати миёни тоҷикон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хеле арзишманд аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |