150 устоду шогирд дар шимоли Тоҷикистон узви ҳизби ҳоким шудаанд
Як гуруҳ аз донишҷуён ва устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои вилояти Суғд ба узвияти Ҳизби халқӣ-демократӣ (ҲХДТ), ҳизби ҳоким дар кишвар шомил шуда, дар ҳузури ректори донишкада - Иномҷон Аминов соҳиби дафтарчаи ҳизбӣ шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, рӯзи 11 декабр зимни як чорабинӣ 150 устоду донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои вилоят ба сафи ҲХДТ шомил шуданд.
Қаблан Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон низ аз шомил шудани як гуруҳи донишҷӯён ва устодонаш ба сафи ҳизби ҳоким хабар дода буд.
Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раҳбарии онро, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бар дӯш дорад, соли 1994 таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 ҳазор узв дорад. То кунун Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ, дар се интихоботи гузаштаи президентӣ иштирок карда, пирӯз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |