Бахшҳо
12 дек 2014 12:15Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Кӯмакхоҳии Азизов аз ҳукумат: Пораҳои писарамро ба Ватан баред!

Сафар Азизов, падари Муҳаммадҷони марҳум, ки ҷасади пора-порааш аз Якутия дарёфт шудааст, аз ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш дорад, дар интиқоли боқимондаи ҷасади ҷигарбандаш ба Ватан ба ӯ кӯмак кунанд.

Азизов имрӯз, 12 декабр ба “Озодагон” муроҷиат карда, изҳор дошт, қариб як моҳ аст дар мулки ғарибӣ қарор дорад ва намедонад, чӣ кор кунад: “Милисаҳо ба ман чизе нагуфта истодаанд. Агар имкон бошад, ҳукумати Тоҷикистон дахолат кунаду рафти тафтишоти куштори бераҳмонаи Муҳаммадҷонро зери назорат гирад. Ҷасадашро низ, ки то ҳол узвҳои он пурра ёфт нашудааст ба мо надода истодаанд. Аммо ман бояд онро ба Ватан барам. Модараш то ҳол аз қазия бехабар аст ва чашмаш дар интизор. Ман бояд ҷасади писарамро барам, то дили наздикон қарор бигирад. Аз ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш дорам, агар имкон бошад, ба ман дар ин мулки ғарибӣ кӯмак кунанд.”

Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти пулиси Русия пораҳои ҷасади Муҳаммадҷон Сафарзода, муҳоҷири 21-солаи тоҷикро пайдо намудаанд, ки 25 ноябр аз маркази шаҳри Якутия бедарак шуда буд. Сафар Азизов, падари ин ҷавони марҳум мегӯяд, ӯ дар Якутия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, дар сохтмонҳо кор мекард: “Ӯ донишҷӯ буд ва агар ба муҳоҷират намерафт, ҳоло курси 4 мехонд.”

Наздикони Муҳаммадҷон мегӯянд, ҷасади ӯро пора-пора аз нуқтаҳои гуногун ёфтаанд: “Танаашро аз як ҷо, дастҳояшро аз 500 метр дуртар ва қисмате аз сарашро дар чанд километр дуртар пайдо намудаанд. Аммо то ҳол қисмати пойҳояш пайдо нашудаанд."

Сафар Азизов мегӯяд, пулис дар мавриди омилони марги писараш то ҳол иттилои мушаххасе надорад ва изҳор медоранд, ки аз рӯи ин қазия тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
саид
вой бархоли мардуми бечораи точик.. бовари дорам, ки ин одамкушхои берахмро ёбанд хам шояд ягончи чарима кунанду халос. лекин як бародари курганиро ки як хамсояи русашро як чапот задаст чондодааст 21 сол зиндонаш кардаан.

Darvesh
Tojikiston saforatkhona nadorad dar Russiya. Amaki khidta gam nate. Ba Alloh takya kun va duogu bshav.

МО як гурух чавонони мухочир аз шахри москави федератсияи руссия ! Аз хукумати точикистон талаб дорем ки барои кумак кардан ба падари Мухаммадчони Сафарзод барои дарёфт ва фиристодани часади писараш чорачуи кунанд. Зиёда аз 1 мох мещавад ки падар часади варзанди худро ба ватан барад! Пас маьлум мещавад,ки сафорати точикистон,ва он кумитахоеки махсус барои бартараф кардани чунин нохушихо фаьолият мекунан ягон мухлати 1 мох Хеч чора надидаанд.

Оё хукумати мо кудрате дорад, ки як гурухро акалан барои овардани мурдахои мухочирон ташкил кунанд!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)