Баҳси Қаршибоеву Шарифзода: “Q-Net”- ро зидди Исоев “шерак” кардед!
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз хулосаи Шӯрои ВАО нисбати баҳси Орзу Исоев, собиқ ровии барномаи “Имрӯз” ва ширкати “Кю-Нет” интиқод намуд.
Қаршибоев имрӯз, 12-уми декабр зимни ҷаласаи Шӯрои ВАО дар хитоб ба раиси Шӯро, Қироншоҳ Шарифзода гуфт, хулосаашон ширкати “Кю-Нет”-ро алайҳи Орзу Исоев “шерак” кард ва дар натиҷа ин ширкат алайҳи рӯзноманигор ба додгох даъво бурд. Ӯ хулосаи Шӯрои ВАО-ро зидди оинномаи ин созмон хонд.
Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО дар посух гуфт, хулосаи ин ниҳод дар бораи барномаҳои Исоев алайҳи “Кю Нет” хусусияти тавсиявӣ доранд ва он наметавонад, ҳамчун далел ё асос дар мурофаи додгоҳӣ баррасӣ шавад. Ӯ изҳор дошт, ки хулосаашонро дар асоси воқеият баровардаанд.
Бо вуҷуди ин Қаришбоев бар ин назар аст, ки Шӯрои ВАО бояд зимни хулосабарорӣ ба назар мегирифт, ки “Кю Нет” ба манфиати мардум кор намекунад.
Аммо Шарифзода изҳор дошт, ки ба манфиати халқ будани фаъолияти "Кю-Нет" масъалаи дигар аст, аммо ин ҷо баҳс сари адолати ахлоқӣ рафта истодааст.
Қаблан Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон Орзу Исоев – муҷрӣ ё барандаи собиқи барномаи Баҳси Имрӯз дар Радиои Имрӯзро ба нақзи муқаррароти чор банди Меъёри ахлоқии журналист “айбдор” карда буд, ки гӯиё зимни барномаҳояш дар бораи “Кю Нет” роҳ додааст. Шӯро тавсия дода буд, ки хабарнигорон ҳангоми таҳияи матолиб ба эҳсосот дода нашаванд.
Тавсияи Шӯрои ВАО дар пайи шикояти Сайҳомид Маҳмудов, раҳбари ширкати “Квестнет” (Q-Net) дар Тоҷикистон, аз болои Орзу Исоев навишта шудааст. Оқои Ҳомидов иддао карда буд, ин хабарнигори тоҷик ҳангоми суҳбаташ дар бораи ширкати Q-Net онҳоро мавриди таҳқиру туҳмат қарор дода, шаъну этиборашонро паст мезанад.
Дар пайи ин ширкати “Квестнет” ё худ Q-Net аз болои Орзу Исоев, рӯзноманигори тоҷик ва радиои “Имрӯз” ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурд, ки феълан идома дорад.
Барномаи “Баҳси Имрӯз” ҳар субҳ аз соати ҳафт то даҳи рӯз дар Радиои Имрӯз мустақим пахш мешуд. Яке аз мавзӯъҳои доғе, ки дар ин барнома тавассути Орзу Исоев матраҳ гардида, бо вокунишҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид, фаъолияти Q-Net дар Тоҷикистон буд. Оқои Исоев ахиран, ба дунболи барканории Рустами Ҷонӣ аз мақоми мудири кулли ширкати Ориёно-Медиа, ки шомили Радиои Ориёно ва Имрӯз асту ба Ҳасан Асадуллозода, роҳбари Ориёнбонк марбут дониста мешавад, аз кор рафт.
Сайҳомид Маҳмудов, раҳбари ширкати “Квестнет” хеши Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе мебошад ва ин нуқтаро ахиран худаш зимни як нишаст тасдиқ карда, таъкид намуд, ки Убайдуллоев ба “Квестнет” рабте надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |