"Барқи тоҷик": Қарздоред. Мардум: Не! (ВИДЕО)
Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, қарзи аҳолӣ назди ин ширкат то 1 ноябри сои равон 356 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” ба “Озодагон” теъдоди муштариёни ин ширкатро аз ҳисоби аҳолӣ 1 миллиону 200 ҳазор нафар арзёбӣ кард. Аз омори ин ширкат бармеояд, ҳар оила дар кишвар аз барқ ба ҳисоби миёна 296 сомонию 60 дирам қарздор аст.
Ин дар ҳолест, ки миёни сокинон пайдо намудани афроде, ки дар чунин ҳаҷм қарздор бошанд, мушкил аст, зеро ба гуфтаи сокинон аллакай дар моҳи дуюми қарздорӣ нозирон ноқилро бурида, интиқоли барқро қатъ мекунанд. Дар ин робита Нозирҷон Ёдгорӣ изҳор дошт, аз теъдоди умумии қарз 276 миллион сомонияш қарзҳои солҳои гузашта аст: “Ҷамъоварии ин қарзҳо бо чанд далел, аз ҷумла тағйири макони бархе сокинон каме мушкил аст”. Ҷаноби Ёдгорӣ 79 миллион сомонии дигарро “қарзҳои ҷорӣ” номид, ки ба гуфтаи ӯ ҷамъоварӣ хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол “Озодагон” аз роҳгузарон дар Душанбе суол кард, ки аз барқ қарздоранд?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |