Қурби доллар дар Тоҷикистон боз боло рафт
Қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон ҳафтаи равон низ боло рафта, аз 5,40-5,44 сомонии аввали ҳафта имрӯз, 12-уми декабр то ба 5,48-5,50 сомонӣ расидааст.
Ин дар ҳолест, ки қурби доллари амрикоӣ аввали ҳафтаи гузашта ҳамагӣ 5,28-5,30 сомониро ташкил дода буд.
Қурби рубли русӣ дар кишвар ҳамоно поин буда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе ба ивази 1000 рубл аз 100 то 104 сомонӣ медиҳанд.
Қурби рубли русӣ дар худи Русия низ нисбати доллар ба таври бесобиқа поин рафтааст ва ин яке аз сабабҳои аслии боло рафтани қурби доллар дар Тоҷикистон аст, чун Русия аз шарикони асосии тиҷорӣ ва таъминкунандаи асосии бозори нақди кишвар бо асъори хориҷӣ маҳсуб меёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |