Сафари дурӯзаи Қоҳир Расулзода ба Остона
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар доираи як сафари расмии дурӯза ба Қазоқистон меравад.
Сафари Расулзода ба шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 14 декабр сурат гирифта, ҳадаф аз он иштирок дар ҷаласаи навбатии ҳукумати кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай мебошад.
Ин иҷлос рӯзҳои 14 ва 15 декабр дар шаҳри Остона баргузор шуда, қарор аст, дар он дурнамои равобити иқтисодию тиҷорӣ ва башардустонаи кишварҳои узви Шанхай баррасӣ шуда, дар робита ба вазъи иқтисодии ҳозираи минтақа ва ҷаҳон баъзе иқдомҳо гирифта шавад.
Инчунин интизор меравад, дар ҷаласаи мазкур роҳандозии барномаҳои бисёрҷонибаи ҳамкории иқтисодию тиҷории кишварҳои узви созмон ба баҳс кашида шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |