Паёми вазири хориҷии Эрон ба Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанбе мулоқот кардааст.
Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар хабар медиҳад, ин дидори Аслов бо Фағонӣ, ки бо дархости ҷониби Эрон сурат гирифт, рӯзи 11 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст. Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар ин мулоқот паёми вазири умури хориҷии Эрон - Муҳаммад Ҷавод Зариф оид ба раванди музокироти Теҳрон ва кишварҳои 5+1 –ро ба Сироҷиддин Аслов супоридааст.
Инчунин ҷонибҳо атрофи масоили густаришу тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои Эрон дар арсаҳои мухталиф табодули назар карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |