Бахшҳо
11 дек 2014 22:10Ҳуқуқи инсон

Қотил ва ифротӣ

Маҳмудҷон РАҲМАТОВ

Як донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ду донишҷӯи дигари ҳамин донишгоҳро бо корд ба қатл расонд. Дар баробари ин як донишҷӯи собиқи он дар Сурия меҷангад, яке дигар аъзои «Гурӯҳи 24» аст, ки модараш дар донишгоҳ донишҷӯёнро таълим медиҳад.


КУНҶИ ХОНАВУ ШИШАИ АРАҚ

Шоҳидони ҳол ва ҳамдарсони донишҷӯёни факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонии донишгоҳ аз кори рухдода изҳори нигаронӣ карда, аз ҳамсабақи худ қисса мекарданд. Яке аз фаъол будани сардори гурӯҳ, дигаре аз дарсҳо дер намондани онҳоро ба ёд меовард. Қисса кӯтоҳ, манобеи наздики мо чунин гуфт: «Ҳотамов Амирхон, донишҷӯи факултаи таърих ва ҳуқуқ, муваққатан посбони яке аз нуқтаҳои шустушӯи нақлиётии шаҳри Кӯлоб бо ҳамроҳии рафиқонаш Ҳакимҷони Маҳмадалӣ, донишҷӯ, Наврӯзшоҳ Саидаҳмад, донишҷӯ, Ҷаҳонгири Искандар аз шаҳри Кӯлоб, Сафаров Эмомназар, донишҷӯ аз ноҳияи Шӯрообод ва Сафаралӣ Файзиддин, донишҷӯ аз ноҳияи Ховалинг барои хӯрдани хӯроки шом дар ҷойи кораш ҷамъ мешаванд. Баъдан онҳо кафтар капида, ба хонаи Амирхон мераванд ва дар онҷо кафтарро пухта, хӯроки шом мехӯранд. Дар кунҷи хона шишаи арақ монда шуда будааст, ки баъд онҳо се нафар онро менӯшанд. Наврӯзи Сайдаҳмад дар як дорухона посбон буда, дар онҷо мехобидааст. Баъдан боз рафта арақ оварда, менӯшанд. Ҳамин тавр, то соати 2-и шаб сӯҳбат карда менишинанд. Ҳангоми сӯҳбат онҳо бо ҳамдигар шӯхӣ карда, хона рафтанӣ мешаванд, вале аз поён омада фарёд мекунанд, ки Ҷаҳонгирро ҷеғ зананд. Аммо шӯхӣ ба ҷанг табдил ёфта, Амирхон ба поён омада, онҳоро пеш карданӣ мешавад. Вале онҳо бо санг дар пушти сари Амирхон мезананд. Амирхон ғазаболуд шуда, рафта кордро гирифтаву омада, дар поёни хона миёнашон муноқиша сар мезанад. Амирхон бо корд дар ҳолати мастӣ якто дар таги манаҳи Наврӯз ва яктои дигар дар дили Ҳакимҷон задааст, ки дар натиҷа Наврӯзшо Сайдаҳмад дар ҷои ҳодиса фавтидааст. Ҳоло гумонбаршуда дастгир шуда, ҳодисаи мазкур таҳти тафтишот қарор дорад.»

Ин аввалин ҳодисае нест, ки аз сӯи донишҷӯёни Донишгоҳи Кӯлоб рӯи кор омада бошад. Соли гузашта донишҷӯи соли аввал, ки ҳоло дар соли дувум таҳсил дорад, барои гум кардани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва аз тарси бародар қасд ба ҷони худ карда буд, вале ҷон ба саломат бурд.

НАҚШАИ ТАРБИЯВӢ 100 %, АММО ИНТИЗОМ ЧӢ?

Ҷонишини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Шарофат Худойдодова дар сӯҳбат ба ба мо чунин гуфт: «Ин як ҳолате буд, тасодуф. Донишҷӯён интизоми намунавӣ доштанд. Аммо Амирхон барои корҳояш аз хобгоҳи донишгоҳ пеш карда шуда буд, лекин дар корҳо фаъол буд. Мо низ чорабиниҳои худро нисбати таълиму тарбия саривақт мегузаронидем. Дирӯз низ бо сардори КДАМ Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб дар ҳамин масоил чорабинӣ гузаронидем, лекин ин гуна ҳодиса дар донишгоҳи мо дар даҳсолаи охир ба қайд гирифта нашуда буд». Ин масъули Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ накарда, иҷоранишин мебошанд, маъмулан ҷойе кор мекунанд. Бинобар ин, онҳо ҳама нафарони болиғ ҳастанд ва худашон бояд ба гуноҳашон ҷавоб диҳанд.

ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ КӮЛОБ ЯКЕ ДАР СУРИЯВУ ДИГАРЕ АЪЗОИ «ГУРӮҲИ 24»

Як рӯз пеш аз ин ҳодиса сардори КДАМ Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии Кӯлоб Ш. Шарипов, бо донишҷӯён вохӯри анҷом дода таъкид намуд, ки аз гурӯҳҳои ифротиву терористӣ канораҷӯи кунанд. Дар ин мулоқот сардори амният зикр кард, ки донишҷӯи собиқи ин донишгоҳ дар ҷангҳои Сурия ширкат карда истодааст. Дар баробари ин боз як донишҷӯи дигар ъазои «Гурӯҳи 24» буда, модараш дар ин донишгоҳ ба донишҷӯён дарс меомузонидааст. Ҳарчанд гуфтан нашуд, ки ин донишҷӯ дар соли чандум таҳсил дорад ва модараш аз кадом фан ба донишҷӯён дарс мегӯяд, аммо зикр гардид, ки ин донишҷӯ таҳти назорати кормандони мақомоти интизомӣ қарор дорад. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки ҳар сеи донишҷӯ дар ин вохурӣ ширкат доштанд.


Қотил ва ифротӣ

Амирхон Ҳотамов


Қотил ва ифротӣ

Наврӯзшоҳ Саидаҳмад


Қотил ва ифротӣ

Ҳакимҷони Маҳмадалӣ


Қотил ва ифротӣ

Хуни рехтаи донишҷӯён


Қотил ва ифротӣ

Биное, ки донишҷӯён зиндагӣ мекарданд


Қотил ва ифротӣ

Одамон кордчаро мекобанд


Қотил ва ифротӣ

Кордча аз ин ҷӯйбор ёфт шудааст
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)