Бахшҳо

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”

Самандар Ҷалолзода, як ҷавони шаҳри Панҷакент мегӯяд, маъмурини пулиси ноҳия шаби 4 декабр беасос ӯро латукӯб ва бобои 64-солаашро бо мошинашон даҳҳо метр кашола карда, маҷруҳ намудаанд.

Ҷалолзода дар аризаи шикоятияш ба додситони вилояти Суғд, ки нусхаи он дар ихтиёри “Озодагон” қарор гирифт, изҳор медорад, тақрибан соатҳои 22:00-и 4 декабр дар назди таваллудхонаи ноҳия ӯ барои кӯдакаш дору харида интизори омадани бобояш - Камол Ҷалолов мешавад. Дар ин вақт ду нафар бо либоси ғайринизомӣ тирезаашро кӯфта талаб мекунанд, ки фарояд. Ӯ вақте кӣю чӣ буданашонро мепурсад, онҳо бо истифодаи таҳдиду зуроварӣ ва дашном ӯро латукӯб ва аз мошин кашида, “мо милиса” гӯён ба мошини худашон савор мекунанд: “Дар ин миён чанд бор дар сарам заданд, ки бобоям низ расида омад. Шумо кистеду чӣ кор мекунед-гӯён дари мошини милисаҳоро дошт. Аммо як милиса ба дигараш “ҳай кун” гуфт ва онҳо тақрибан 40 метр бобоямро кашола карда бурданд, ки дар ниҳоят вай ғалтиду маро ба шуъба бурданд. Дар шуъба маро бе ягон асос лутукӯбу ҳақорат намуданд, ки бобою падарам низ расиданд.”

Самар Ҷалолов, падари Самариддин мегӯяд, вақте ба шуъбаи корҳои дохилӣ расид падари хуншорашро диду овози писарашро шунид, ки мавриди латукӯб қарор дошт: “Дарҳол талаб кардам, ки сардори шуъбаро фарёд кунанд, аммо ба шуъба муовини сардори шуъба-Раҳимов Ҷамшед ҳозир шуд.”

Самар Ҷалолов мегӯяд, муовини сардори шуъба ҳоли хуншори падари мӯйсафед ва ҳолати писарамро дида, гуфтааст, ки ҳамаи хароҷоту доруҳои табобатиро таъмин мекунад ва онҳоро аз шуъба ҷавоб додааст. Оилаи Ҷалоловҳо мегӯянд, масъулини милиса аз онҳо хостаанд ба ҷое даъво набаранд, чун кормандони милиса “ҷавонӣ” кардаанд. Аммо Самар Ҷалолов мегӯяд, “охир ин муносибати ваҳшиёна аст ва гунаҳкорон бояд ҷавоб диҳанд. Писари ман ягон ҷинояткор нест ва ӯро ҳамаи ноҳия мешиносад, ки як камаз дораду ба кашондани кумур ва фурӯши латта машғул аст.”

Ин хонадони ҷабрдида талаб дорад, ки дастандаркорон муҷозот шаванд. Аммо масъулини шуъбаи умури дохилии Панҷакент то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд ва дар сурати дарёфти шарҳи онҳо “Озодагон” онро пешкаши хонандагон хоҳад кард.


Аксҳои Камол Ҷалолов ва Самандар Ҷалолзода:

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”
Мӯҳр
Ин якум ходисае нест, ки мардуми бечора аз дасти ин милисахои нобакори Панчакент дар азобанд. Бовар кунед хар сол аз тарафи кормандони комисиариати харби ва милисахои шахри Панчакент мардуми бечора дар азобанд. Ягона нохияе, ки хар сол мачбури ба таври зуровари мардуми бечора азобу шиканча дода облава мекунанд. Чаро ягон макомоти салохиятдор нисбати милисахо ва кормандони комисиариатхои харби чорачуи намекунад. Хар хафта кариб дар ВАО оиди шиканчаву зури нисбати мардуми одии шахри Панчакент маводхо чоп мешавад, вале чаро аз тарафи макомотхои салохиятдор нисбати ин беадолатон ягон чора дида намешавад. Наход об аз боло лой бошад! Озодагон хохиш мекунем ходисахои пештараро низ пайгири намоеду аз натичаи чорахои дидаи макомотхо нисбати ин зуроварихо ба мардум ахбор дихед.

Н
Шармандаги!! Якбора кушен хама халка!! Ин милисахора а кучо овардан? Чи хел кор мегиран?? Бо шарм надошта мегуянд ки чавони кардаанд!! Хок бар саратон

568
Холо хама бизнес ба гузаштаги аз он чумла милиса низ як "шикор"кардааст да чавон будааст,ачабо аз хисоби андози хамин хел бечорахо маош гирифта уро кариб ки кушад а?Ягон нафар хак надорад нафареро бе ягон асос лату куб намояд тем более милиса сардори милиса аввал ба онхо бояд дарси тарбияви гузаронида сипас ба эсуву усу рои кунад.Ин нафарон бояд хатман аз хукуки худ дифо намоянд.

Диваштич
Мушоҳидаи чандинсолаи ман нишон медиҳад, ки кадом нафаре, ки аслан ақлу фаросат ва донишу фарҳанг надорад, аз ноилоҷӣ милиса мешавад, умуман милиса дар ҳамин шакле ки ҳозир дар сохтори давлати фаъолият мекунад, аслан нолозим ва ба зарари давлат аст, 80 фоизи милисаро ихтисор карда, боқимондаро атестатсия кардан ба манфиати ҷомеа аст. Ин милисаи нобакори ҷоҳилро ки шаҳрвандро бе гуноҳ дар Панчекент латтукуб кардааст, ҳатман турма карда шавад, то ба дигаронаш дарси ибрат шавад.

Daler
sardorash boyad saraval jazo girad in milisahoi besavod chi hukuk dorand shahrvandonro be asos azob mrdihand in besavodho hato dar vakti taftishu tahkik niz hukuk nadorand .... milisaho habs karda shavand

Илхом
Бояад авал сардори шуба ба чавобгари кашида шавад бад у
Шогирдонаш

сунат
ДАХШАТ

Бефоида аст!Ба номи АЛЛОХ к5асам мехурам,ки ин ходиса ягон натичае барои ин "бандитхо"дар пагон намешаваду онхоро прокуратура озод мекунад.Дапр ЧТ конун нест ва танхо шахсони бевичдон дар ин ниходхо чойгир шудаанд,ки фикрашон танхзо азобу шиканча додани мардум ва ришваву порагири.

Муслима
Дархакикат шикояти ммардуми одди махсусан аз муносибати кормандони милисаи махз нохияиПарчакент мукоисанашаванда аст, шумо як бор аз холи мардуме ки вориди шуъба мешаванд ахволро бипурсед, чи кадар чабру зулм, вахшоният дар дохили шуъба аст, ки хатто баъзе аз кормандон худашон аз ин холати вахшатнок харф мезананд. Он кадар болои сари мардуми бесохиб дар он чо чабру зулм аст, ки ба худои бузург касам дар ахди мугул набудааст, чи корхое чи хиёнатхое аз руи накли мардум дар он чо намешавад. Журналистони гироми мархамат равед як пажухиши амику густурда гузаронед, ки мардум чи мегуяд, юахд мефахмед, он кадар аз вазифаъои худи суистеъмол мекунанд, ки аз хадди тасвир берун аст. Созмонхои чамъияти ва созмонхои байналмилалиро ба ин самт мутаваччех ва фаъол бояд кард. Масъалаи хифзи хукуки мардуми одди дар ин нохия дар вазъи бадтарин карор дорад.

Хушунат нисбати халки одди аз тарафи кормандони ба ном хифзи хукук мансабдорони тамоми корхонахои давлати якум бору дуюмбор нест.Ин мансабдорон Точикистона молу мулки аз падару бобояшон мерос монда, халки оддиро бозичаи сари даст фикр мекунанд, токати мардум бе поён нест !!! Зулму золими хам окибати хуб надорад!!!!

Хушунат нисбати халки одди аз тарафи кормандони ба ном хифзи хукук мансабдорони тамоми корхонахои давлати якум бору дуюмбор нест.Ин мансабдорон Точикистона молу мулки аз падару бобояшон мерос монда, халки оддиро бозичаи сари даст фикр мекунанд, токати мардум бе поён нест !!! Зулму золими хам окибати хуб надорад!!!!

ОЗОДАГОН чаро наменависи, ки яке аз милисахо Арбобов Мустафо фарзанди прокурори Вилояти мухтори кухистони Бадахшон Мухаммадчон Арбобов мебошад.

zarafshoni
Бародарон ин ходисаи нангин дида меистед бечавоб мемонад. Аз руи мушохидаи худам ин бори аввал нест. Ин вазорату хукумат ин сардорони милисаву прокуратураро танхо ба хотири иштирок дар бузкашиву хурусбози мефиристад. Кадом сардори милисаву прокуратура ки ба нохия омад таъин шуда ё ки аспбоз буд ё ки хурусбоз. Дигар ягон кори хайр ба нохия накардаанд. Танхо шиканча бар сари мардуми Панчакентро метавонанд. Ин хозира сардори милисаи нохия аз хешовандони наздики президенти кишвар аст аз хамин лихоз ман дар боло кайд намудам ки ин ходиса БЕЧАВОБ мемонад. Илтимос чоп кунед.

Хамин милисачахоро ба Хоруг равон кунед, чояшонро зуд муайан мекунанд

Ин ду ана хамон хел рафта аз хонашон файрод мекуни дар кафои камаз баста 3 километр мегардони баъд хотират шод мешавад гар ба турма хам рави армони намерави

Хукумат ба кучо нигох мекунад? Оё шумо медонед, ки 60 фисади кормандони милиса нашъа мекашанд "бангианд" ва дар рузи кори хам машруботи спиртиро истифода карда дар мошинхояшон мегарданд? Аз сардори ВКД хохиш мекунем, ки ба ин масъала чидди ахамият диханд, чунки рохзану беинсоф дар сафи коркунони милисаи Точик бисеранд! Чи гуна онхоро ба кор мегиранд хама хайрон.

https://tojnews.tj/tj/news/vazorati-mudofia-oblova-dar-panchakentro-takhkik-mekun

ad
Хафтаи гузашта точнюс маколае чоп кард, ки гурухи кори аз Вазорати Мудофиа лату куби чавонони дар облава афтидаро дар Панчакент тахкик мекунад. Дустон ягон кас маълумот дорад, ки кормандони комисиариати харби ягон хел мучозот шуданд ё не? ба мардум маълумот дихед оиди натичаи тахкики кормандони Вазорати мудоифа аз болои коргарони комисиариати харбии шахри Панчакент! То кай ин ноадолатихо дар шахри Панчакент давом мекунад. То кай чавонон дар шароити вазнин дар куху пушта аз дасти ин берахмони худобехабар гурехта мегарданд! То кай...................................

Саид
Сабаи аслии ин мушкили дар он аст, ки милиса комилан бесавод ва аз конун комилан бехабар ва танхо хаминро медонад, ки чун барои у кулоху мундири милисаро пушниданд у ба тамоми рафторхо хукук дорад, махсусан гаштугузори милисахои Панчекат, дугу пуписа, хайхйу ва доду даъвояшон ба арши аъло аст. Гохо ба деха мераваму мешунавам, ки кадом як сержант ва ё лейтенанти милиса хамдехахоро хатто бар ивази аз хукуки эшон дифоъ кардан ба балохои осмониву замини гирифтор карда аз хисоби горати мардум зиндаги мекунад, на танхо худаш хатто хешу табораш бо суистифода аз вазифахои ин сержантак ё лейтенантак болои сари мардум доду валвала мекунанд. Аслан вакти он расидааст ки дар ин нохия як созмони гайрихукуматии сабти арзу шикваи мардум махсусан аз болои милиса таъсис дода шавад, ин шарашкина контора бенихоят сархадхоро намешиносад, тамоми рафторро барои хеш ичоза додаанд ё шарт асат, ки махз аз Душанбе истода дахолат кунанду дар чоятон шинонанд, вакте ки аз ин чо занг мезананд мисли гурбаи дар од таркардашуда дасту похошон меларзад, коленки начинают дрожать гуфти русхо барои гуноххо ва авбошихо. Милисахонаи ин нохия як авбошхонае беш нест, дар ин шуъба комиилан ислохоти пурра кардан зарур аст, дар ин навиштахо ягон калима илова ва ё беасос нест ва хатто боз баъзе нуктахо зикр нашуданд - чора бинед мухтарам масъулон. Ин чи бедоди аст.

https://tojnews.org/tj/news/chabrdidai-latukub-vaktioblava-ba-tabobat-niyoz-dorad

-video

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)