Вазири Яман: Хабари раҳоии Рофиеваро рӯзҳои наздик хоҳам расонд

Абдуллоҳ Муҳаммад ас-Сойидӣ, вазири умури хориҷии Яман дар посух ба ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов навиштааст, Гулрухсор Рофиева табиби тоҷик дар ин кишвар на аз ҷониби гуруҳҳои террористӣ, балки аз ҷонибе се бародар аз қабилаи Оли Убайдаи минтақаи Маъриб рабуда шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ас-Сойидӣ дар номаи ҷавобии худ ба Сироҷидин Аслов итминон додааст, ки мақомоти амниятии кишвараш раванди гуфтушунидҳоро комилан зери назорат гирифтаанд ва бехатарии шаҳрванди Тоҷикистонро дар мадди аввал қарор додаанд. Вазири Яман изҳори боварӣ намудааст, ки дар наздиктарин рӯзҳо хабари сиҳат ва саломат озод шудани Гулрухсорро ба ҷониби Тоҷикистон хоҳад расонид.
Яман расман дар қазияи мазкур се бародарро аз қабилаи Оли Убайдаи минтақаи Маъриб айбдор мекунад, ки қаблан ҳам дар одамрабоӣ ва талаби мол бар иваз гунаҳкор дониста шудаанд.
Сироҷиддин Аслов нимаи моҳи ноябр бо ирсоли як паёми шахсӣ аз ҳамтои яманияш Абдуллоҳ Ас-Сойидӣ дар раҳо намудани табиби рабудашудаи тоҷик, Гулрухсор Рофиева кӯмак хоста буд. Аз ин пештар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои раҳоии дар Яман аз сафорати Русия дар ин кишвар дархости кӯмак намуда буд.
Гулрухсор Рофиева, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон, ки дар асоси қарордод бо ширкати “Здравэкспорт”- и Русия, дар яке аз беморхонаҳои низомии вилояти Маъриби Яман ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекард, рӯзи 29 октябр аз сӯи афроди мусаллаҳ рабуда шудааст. Расонаҳои арабзабон аз қавли шоҳидон навишта буданд, ки Рабиеваро афроди мусаллаҳи савори мошини сурх аз кӯчаи марказии назди беморхонаи низомӣ дуздиданд. Дар пайи коршикании ҳамкорони Рофиева мақомоти Маъриб эълон намуданд, ки ҷои будубоши шаҳрванди Тоҷикистонро муайян намудаанд ва гуфтушунид барои раҳоии ӯ идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |