Бахшҳо

Путин барои Каримов дар интихобот комёбӣ хост

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ки дар доираи як сафари расмӣ вориди шаҳри Тошканд гардид, бо ҳамтои узбакаш - Ислом Каримов мулоқот кардааст.

Ба иттилои хабаргузории русии “РИА Новости”, вохурии Путин бо Каримов рӯзи 10 декабр дар шаҳри Тошканд сурат гирифтааст.

Путин зимни вохурӣ бо Каримов аз интихоботҳои дар пешорӯй истодаи Узбакистон, аз ҷумла интихоботи президентии ин кишвар ёдовар шуда, барои Каримов дар ин корзори сиёсии кишвараш комёбиҳо таманно кардааст. Ӯ гуфтааст, “мо дар арафаи ду интихоботи Узбакистон, парлумонӣ ва президентӣ қарор дорем ва барои оқои Каримов дар ин маъракаҳои сиёсӣ комёбӣ хоҳонем.”

Раисҷумҳури Русия таъкид кардааст, ки Маскав бовар дорад дар феҳристи шарикони иқтисодӣ ва тиҷории Тошканд мақоми аввалро соҳиб аст ва дар оянда низ барои ҳифзи ин мақоми худ талош хоҳад кард: “Бояд чунин ҳам бошад, чун Узбакистон яке аз бузургтарин кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ҳам барои мо ва ҳам барои Шумо он чи дар ин минтақа рух медиҳад, аз аҳамият бархурдор аст.”
Мӯҳр
Карахт
Худоё, кай мардуми собик Шуравиро аз ин авторитетхои коммунисти ба ном демократихохон халос менамои.

Дасти гайб
Ду душмани аслии халки точик хеле бояд эхтиёт шуд Бояд зудтар Гарб ва Омрико инхоро ба аслт худашон баргардонанд то мардуми собик шурави хушбахтона зиндаги кунанд.. Инхо ба тархи Рогун зарбаи чидди зада онро ичрои шудан намегузоранд..дасти гайбе аз гиребони кишвархои дунё берун ояду мардуми якеашро ба Мугулистон фирори дода дигарашро ба чангалистонхои Сибир гумному аз чашмхои башар дур гардонад Илохо!!!

Мухтарам Каримов агар Абардмарди замин бароятон комебихо хохад он албатта чунин хохад шуд. Зинда бод Путин, яъне абардмарди замин! и мир рухнет к его ногам.

Бахром
Дар "интихобот" комёбӣ хост, наздик ба 1 миллиард доллар вомро ҳам бахшид.
-Путин: Биё ҷура ки дар паҳлу касе нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)