Бахшҳо

Абдуҷаббор Раҳмонов депутати ҳизби ҳоким мешавад?

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов, собиқ вазири маориф ва ректори феълии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро ба ҳайси номзад барои вакилӣ дар парлумони ояндаи кишвар пешниҳод карданист.

Тавре манобеи “Озодагон” аз ҲХДТ иттилоъ доданд, дар рӯйхати аввалияи номзадҳо аз ҳизби ҳоким номи Абдуҷаббор Раҳмонов низ зикр шудааст. Аммо манбаи “Озодагон” таъкид намуд, ки рӯйхати ниҳоӣ 13-уми декабр дар анҷумани ҳизби ҳоким дар Кохи Ваҳдат тасдиқ хоҳад шуд.

Абдуҷаббор Раҳмонов 15-уми марти соли 1959 дар деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1978 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И. Ленин ( ҳоло - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1983 онро бо баҳои аъло хатм мекунад. Баъдан дар ҳамон ҷо ба сифати ассисенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик ба кор оғоз менамояд.

Солҳои 1985-1987 дар Афғонистон адои вазифа намуда, ноябри соли 1987 ба аспирантура дохил мешавад ва соли 1991 дар мавзӯи «Консепсияи замон дар насри солҳои 70-80-уми тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Пас аз дифои рисола аввал, ба сифати ассистент, баъдан ба сифати саромӯзгор ва дотсенти кафедраи фавқуззикр адои вазифа намуда, як қатор мақолаҳои илмӣ ва методӣ дар мавзӯъҳои мухталифи адабиёт таҳия ва нашр намудааст.

Аз соли 1995 то соли 1999 ба сифати мудири шӯъбаи таълими Донишгоҳи мазкур кор намуда, баъдан ба хотири ба анҷом расонидани рисолаи докторӣ ба рухсатии эҷодӣ баромада, соли 1999 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷики нимаи аввали асри ХХ» дар Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон дифоъ намудааст.

Соли 2004 ба сифати Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2005 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Аз моҳи марти соли 2005 то моҳи январи соли 2012 ба сифати Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Аз январи соли 2012 то ба имрӯз Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.
Мӯҳр
5
Похоже что парламент превращается в кабинет отставников.Время теперь другая товарищи кризис наступает в парламент нужны грамотные умные молодые люди.

Darvesh
Voy dod I musafedo kay nafaqa mebaromada boshand!!!!

Доктор
Абдучабор Рахмонов ба хама мансаб арзандааст. Просто система омода нест то ки акидахои некбинона ва прогресивии у амали гарданд. Как рас аъзои парлумон шавад, истифода аз тачрибааш ба у имкониятхои васеъ дода мешавад.

Кадушоҳ
Парламентро ба мисли подаинститут ба мазоқи мардум накашед, дар органи олии конунбарор ашхоси босаводу ғайриэҳсосоти бояд фаъолият кунанд

Додсент
Андароб -не дехаи ин "АКАДЕМИК" аст, чаро аз авлоду зодгохаш ор мекунад?

ин мардак факат зиди ислом мубориза мебара так что и дар корай парламенти зиди исломи да Худо хидоятшон кунад

garibmo.
In mardak chand ruz pesh konun baroi donishjuyon jori kardani bud, ki kadom donishjuy dars gurezi kunad yo ba dars nabiyoyad az u jarima sitonidani bud vale korash nashud. Man bovar doram in ba haysi rektor kor kard in az sistemai ozirazamon namefamad az jumla kompyter enternet digaru digarho. 5,
5,

SAIF
Доктор,
ЯКЕ худат арзандаи ,яке хами раист!)))

хонанда
Ба кавли худуш як диктантанташ гирен, ягон чира медона ё не?!

чинди
ана акнун конун дар бораи каблуку иринка кабул мешавад.... wink хихиххиииии

Мебахшеду монда нашудед аз гайбат. Дар халки мо як одати баде хаст, ки як нафар агар аз каси дигар норози шавад, барои дустон ва шиносони худ уро хамчун нодон,котил муаррифи мекунад. Лекин бисёрии шахсон тамоман дар бораи ин шахс маълумот надоранд вале аз гуфтаи дигар шахсоне, ки онро тахкир мекунанд хар хел гапхоро бофта менаисанданд. Халки мо содда ва зудбовар хаст, ба хар гап тез дода мешванд. Шумо факат дар бораи он кас хар хел гапхо шунидагиеду лекин аз кору фаъолияти он кас бехабаред. дар яке комментария омадааст парламентро ба кризис оварда мерсонад. Лекин Шумо босаводии ва фахмиши ин шахсоро намедонед шумо факат шунидаги хастед дар бораи он касу халос , дар парламент хам равад аз босаводии ин кас истифода мебаранд . Худи хозир парламент дар сатхи кризист карор дорад, лекин хаматон хапед-ку,хичи гуфтан надоред барои он ки саводи кофи надоред ва дурус тахлил карда наметавонед , факат саводатон ба гапхои кучагию гайбат мерасаду халос. Дар бораи ин шахс факат камбудиро мебинед... Мо халки точик як гандагии дигар дорем, 100 маротиба агар кори мора буд кунанду як маротиба не, ин шахс барои мо бесавод ,беакли, дузд мегардад. Лекин фикри намекунед, ки кори шумо тибки конун хал нашуд, ин ба чашашматон пушидаги чаро ин кас мансаб дорад бояд кори моро хал кунад. Лекин он корхоие, ки ба манфиати давлат ва ба манфияти халк мекунад чашмхоро махкам мекунем дар ягон чо нменависем ва гапам намезанем, як маротиба агар хатто кардаги хам бошад мо бояд онро такрор ба такрор гуфтан гирем. Абдучаббор Рахмонов дар кучое фаолият накунад хох дар мансаб бошад, хох дар кори оди вай як инсони корчаллон, доно, босавод. Лекин сад афсус мо одами босавода наг намебинем барои Шумоён борин инсонхо давлати мо пеш намервад. Мо худкушу бегонапарастем ва бесаводпарастем. Бахили точиконаро аз даст надихем.

Собит
оооохооо....боз як хатои дигар.... Дар ДДОТ хама аз дасти ин ба дод омадаанд. Дар чое, ки бояд олимону профессрон кор кунанд духтаракои чавоне, ки номи худро навишта наметавонанд вазифа додааст ин мардаки ХУШРУ..Наход Чаноби Оли, нафаре, ки тамоми мардуми ТОЧИК аз у умедхои зиёд доранд аз ин хама бехабар бошад?????

Эх бо хами ..наход набошад чавоне, ки чойи ин ро иваз кунад

Чавоб ба Кадушох.

Фикри ман ин аст. ки дар шароити феъли ягон системаи давлатдории мо бе камбуди нест. Камбуди дар хамон холат пайдо мешавад, ки дар ончо кор аст. Пас аз ин ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар хакикат Рахмонов кор мекунад. Бале баъзе ислохотхое аст, ки ба чомеа хуш намеояд ва баъзеи дигар аст, ки дар хакикат дар чомеа натичаи хуб дода истодааст. Агар огох набошед маънои онро дорад, ки Шумо аз система хеле дур хастед.
Ба Кадушох (аз номат маълум аст, ки кадри сухан хам надори) масхилат хамин аст, ки акалан пеш аз оне, ки як хар менависи аввал дуруст навистанро ёд гир. Пеш аз оне, ки як касро танкид мекуни, аввал ба оина нигар кани киро менибини (акалан хамон калаи хам каду ва хам пусидаро)????

Чавоб ба (ба ном) "Тавбагар"

Кадоме, ки фикр мекунад ,ки ин шахс зидди ислом кор мебарад ин одам аблахтарин аст ва ба гайр аз чангдози дар байни чомеа ва даъюси дигар коре надорад. Барои он, ки хамаи мусалмон хастем. Якум кур нести бини ба ном муллохо чи кор карда истодаанд ва пардаи баъзе аз даъюсони ба монанди худат алакай кушода шуд.

Дуюм имруз баъзе одаме ё дар нихоб духтаре хаст, ки ба ном худро мусалмон мегирад, лекин коре, ки вайхо карда истодааст баъзан одамро хатто аклаш хам намегирад.

Мусулмони дар дил бояд бошад на дар сурату гуфтор........

Ба фикрам барои худатбари шахсе, ки аз тахлил дур аст хаминаш кифоя.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)