АКС: Сӯхтор баъди бебарқӣ дар маркази Душанбе
Пеш аз зуҳри имрӯз, 10-уми декабр дар маркази Душанбе хонаи истиқоматии сокини пойтахт Эмомалӣ Шеров оташ гирифт. Ба гуфтаи оташнишонҳо сӯхтор, ки наздики 100 метри мураббаъро фаро гирифтааст, аз беэҳтиётии соҳибхона ва дар натиҷаи расиши ноқилҳои барқӣ сар задааст.
Аммо Эмомалӣ Шеров ва ҳамсараш, ки дар кӯчаи Пушкини маркази Душанбе иқомат доранд, мегӯянд аз шаб боз барқ надоштанд ва субҳи имрӯз низ вақте ба кор рафтанд, барқ набуд. Онҳо таъкид мекунанд, ки ҳамаи асбобҳои барқиро хомӯш карда буданд. Соҳибхонаҳо мегӯянд бар асари сӯхтор тамоми молу амволи даруни хонаашон нобуд шудааст.
Ҳамсояҳо баробари мушкили бебарқӣ ҷой доштани беобиро низ тасдиқ карда, афзуданд, ки дар бораи сӯхтор маҳз онҳо ба оташнишонҳо хабар додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |